Лавров гуфт:  Русия Тоҷикистонро чун шарики стратегӣ қадр мекунад

Вазири умури хориҷии Русия аз таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши гуманитарӣ тавсиф карда, зиёд намудани стипендия барои довталабони тоҷикро ваъда дод.

Вазири умури хориҷии Русия аз таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши гуманитарӣ тавсиф карда, зиёд намудани стипендия барои довталабони тоҷикро ваъда дод.

Русия Тоҷикистонро ҳамчун дӯст, иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ қадр мекунад. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт.

Лавров ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро як рӯйдоди муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба хонда, таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳуриро ба забони русӣ қобили дастгирӣ гуфт.

Вазир гуфт

“Мо қабули донишҷӯёни Тоҷикистонро ба донишгоҳҳои Русия идома медиҳем ва инчунин стипендияи онҳоро афзоиш медиҳем”.

Вай ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 45% афзоиш ёфтааст ва моҳҳои авали соли равон низ ҳудуди 20% зиёд шудаст.

Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ аз таҳкими эътимоду дастгирии тарафайн миёни Тоҷикистону Русия тавсиф кард.

Тайи 8 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар наздик шуд, ки беш аз 40% аз нишондоди соли гузашта зиёдтар аст, гуфт Муҳриддин.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин мулоқоту музокирот барои таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия такони бештар хоҳад шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сироҷиддини Муҳриддин вазири умӯри хориҷаи  Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад.

Тоҷикистон ба Русия пештар чанд тавофуқнома дар заминаҳои амниятӣ, ҳамкории байни ниҳодҳои назоратӣ, иқтисодӣ,роҳи оҳан, ҳамлу нақл, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ имзо кардаанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Русия бо Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидор ва сиёсати муҳоҷиратӣ, омӯзиши кормандон, иқдомоти муштарак дар амнияти зистӣ аз ҷумла чолишҳои уфунӣ ва амнияти иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод .

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад