Толибон: Афғонистон ба аҳзоби сиёсӣ ниёз надорад!

Муовини Вазорати додгустарӣ (адлия) –и давлати муваққати Толибони Афғонистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ниёзе ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар нест.

Муовини Вазорати додгустарӣ (адлия) –и давлати муваққати Толибони Афғонистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ниёзе ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар нест.

Абдулкарими Ҳайдар, муовини Вазорати додгустарии давлати Толибон дар нишасти хабарӣ дар Кобул аҳзоби сиёсии Афғонистонро ба эҷоди тафриқа дар миёни мардум муттаҳам кард ва гуфт, ин аҳзоб ғайр аз ин ки ин кишварро ба номҳои мухталиф тақсим кунанду мушкилотро барои мардум эҷод кунанд, маънову коркарди дигаре надоранд.

Ҳайдар гуфт, аҳзоб мардуми Афғонистонро аз назари забонӣ, ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ ба гуруҳҳои мухталиф тақсим кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони шуморе аз аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, гуруҳе (толибон), ки машруияти дохилӣ ва хориҷӣ надорад, наметавонад дар раванди фаъолияти аҳзоби сиёсӣ монеа эҷод кунад.

Дар ин замина ҳизби Ҷумбиши миллии исломии Афғонистон ба раёсати Абдурашид Дустум мегуяд, ақвоми Афғонистон ҳақ доранд зери чатри як ҳизб фаъолият кунанд ва ин ҳаққи онон аст.

Ҳисон Неру, сухангӯи Ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон гуфт, мавҷудияти аҳзоб дар Афғонистону ҷаҳон як асл аст ва бояд ба ин асл эҳтиром гузошта шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад