Кумаки бебозгашти Бонки тавсеаи Аврупо ба Узбекистон

Кумитаи давлатии экологии Узбекистон эълом кард Бонки тавсеаву бозсозии Аврупо барои бозсозии конҳои уран 7 миллион евро кумаки ройгон ихтисос додааст.

Кумитаи давлатии экологии Узбекистон эълом кард Бонки тавсеаву бозсозии Аврупо барои бозсозии конҳои уран 7 миллион евро кумаки ройгон ихтисос додааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, кумаки билоиваз барои таъмини молии бозсозии таъсисоти Янгиобод ва Чаркисор воқеъ дар кӯҳҳои шимоли Тошканд сарф хоҳад шуд . Барномарезӣ мешавад иқдомоти бозсозӣ дар се моҳаи аввали соли 2023 оғоз шавад ва тақрибан баъд аз ду сол ба поён расад.
Рустои Янгиобод дар баландии 1300 метрӣ аз сатҳи баҳр дар минтақаи зилзилахез ва дар фосилаи 70 километрии Тошканд қарор дорад, ки ҳудуди 40 сол маъдани уран будааст . Он масоҳат ҳудуди 50 километри мураббаъро ишғол мекунад ва дар он ҳудуди 2 миллиону 600 ҳазор метри мукааб зуболаи родиюактивӣ дафн шудааст.
Рустои Чаркисор воқеъ дар куҳистоне дар 140 километрии шарқи пойтахти Узбекистон  то соли 1995 милодии маҳали истихроҷи уран буд ва инҷо ҳануз ҳудуди 3500 нафар ҷамъият зиндагӣ мекунад . Иқдомоти бозсозии пешбинишуда дар ин майдон шомили таътилии ду маъдан ва ҳамчунин бозсозии ду канали заҳкашӣ аст.
Узбекистон соли 1992 узви Бонки тавсеаву бозсозии Аврупо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад