Суҳбати дигарбораи Раҳмон бо Гутерриш, дабири кулли СММ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм дар як ҳафтаи охир бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид СММ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм дар як ҳафтаи охир бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид СММ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Вазъи Афғонистон ва тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон аз мавзӯъҳои суҳбати раисҷумҳури ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ будаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ва Гутерриш дар мавриди ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳои миёни ҶТ ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳои созанда бо СММ ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мухталиф баён доштаст.

Аз ҷумла маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

“Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамҷавор ва идомаи расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт”, – омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар хотимаи суҳбат дабири кулли СММ ба сиёсати мутавозин ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои баланд дод.

Маврид ба зикр аст, ки ин дуюмин суҳбати телефонии Раҳмон ва Гутерриш тайи ҳафтаи охир мебошад.

Чанд рӯзи қабл низ Раҳмон ва Гутерриш аз ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Афғонистон гуфтанд. Ҷониби Тоҷикистон омодагияшро барои кумак ба Афғонистон аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии худ, баён дошт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дафтари матбуотии раёсаҷумҳурӣ гузориш дод, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид (СММ) суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар суҳбати телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ таъкид доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳанд ва онҳоро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузоранд.

Таъкид шудааст, ки дар ин гуфтугӯ вобаста ба ин роҳбари кишвар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз кардааст.

Қайд карда шудааст, ки президенти Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими ҳайати СММ дар бораи мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намудааст, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.

Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба тамосҳо ҷиҳати баррасии ин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома хоҳанд дод.

Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур тарафҳо зимни суҳбати телефонӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро, аз ҷумла дар масоили калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи тақвияти ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои сохтории он дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад