Сафари Сироҷиддини Муҳриддин ба Русия

Сироҷиддини Муҳриддин вазири умӯри хориҷаи  Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад.

Сироҷиддини Муҳриддин вазири умӯри хориҷаи  Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад.

Тоҷикистон ба Русия пештар чанд тавофуқнома дар заминаҳои амниятӣ, ҳамкории байни ниҳодҳои назоратӣ, иқтисодӣ,роҳи оҳан, ҳамлу нақл, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ имзо кардаанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Русия бо Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидор ва сиёсати муҳоҷиратӣ, омӯзиши кормандон, иқдомоти муштарак дар амнияти зистӣ аз ҷумла чолишҳои уфунӣ ва амнияти иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод .

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати молияи Амрико кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон (4 кишвари Осиёи Марказӣ)-ро ба рӯйхатти 18 кишваре ворид кард, ки ба воситаи онҳо метавонанд ба Русия ва Беларус маҳсулоти таҳти таҳримро ворид кунанд. Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина Амрико ва муттаҳидонаш ба зидди Маскаву Минск таҳримоти сангин ҷорӣ кардаанд.

Рӯйхатти 18 кишварро Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (FinCEN) ва Дафтари саноат ва амният (BIS), ду ниҳоди марбут ба вазорати молияи Амрико тартиб додаанд. Ин рӯйхат ба ҷуз аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ, боз Арманистон, Гурҷистон, Бразилия, Ҳиндустон, Исроил, Хитой, Мексика, Никарагуа, Сингапур, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайван, Туркия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубиро дар бар мегирад

Дар иттилоияи вазорати молияи Амрико гуфта мешавад, ки дар бархе ҳолатҳо маҳсулоти таҳти тазримро ба ин 18 кишвар ва манотиқи дигар метавонанд ҳамчун ашёи хом барои тавлиди маҳсулоти дигар бо роҳҳои қонунӣ ворид кунанд. Вале содироти минбаъдаи ин маҳсулоти тайёр ба Русияву Беларус бояд манъ карда шавад.

Вазорати молияи Амрико гуфт, Дафтари саноат ва амният (BIS) аз 24 феврали соли 2022, яъгне аз санаи оғози ҷанги Русия ба зидди Украина як силсила чораҳои қатъии назорати содиротро ҷорӣ кард, ки  ҳадафашон маҳдуд кардани дастрасии Русия ба як идда маҳсулот ва технологияҳои барои идомаи ҷанг дар Украина ба Русия лозим аст. Ин чораҳо пеш аз ҳама соҳаҳои мудофиа, ҳавоиву кайҳонӣ ва баҳрии Русияро ба ҳадаф доранд, вале соҳаҳои дигаре, чун энергетика, истеҳсоли маҳсулоти гаронбаҳоеро, ки нухбагони Русия истифода мебурданд, низ ба ҳадаф доранд.

Ин чораҳо рӯи содирот ва реэкспорти маҳсулот ба Русия ва интиқоли борҳое, ки барои Русия ваё дар корхонаҳои хориҷии Амрико истеҳсол шудаанд, маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ мекунанд. Мояи нигаронии асосӣ  техникаест, ки метавонад бо ҳадафҳои ҳарбӣ истифода шаванд. Аз ҷумла сухан дар бораи қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, шабакаҳои гидроакустикӣ, мавҷгирҳо (антеннаҳо), шабакаҳои ҶӣПӣЭс (GPS),  таҳҷизоти лозим барои истихроҷи нафту газ ва маҳсулоти дигар меравад.

Моҳи июн Дафтари саноат ва амниятт вазорати молияи Амрико (BIS)  ширкати хусусии “Promcomplektlogistic” аз Ӯзбекистонро ба далели “идомаи пуштибонӣ аз талошҳои ҳарбии Русия” таҳти таҳрим қарор дод. Департаменти давлатии Амрико гуфт, “Promcomplektlogistic” ба ширкати русии тавлиди аҷзои электронӣ “Радиоавтоматика” барои убури таҳримот кумак расонда, ин корхонаи русиро бо микросхемаҳо таъмин мекард.

Дар бораи ин ширкат маълумот хеле кам аст. Гуфта мешавад, ки “Promcomplektlogistic” дар Тошканд таъсис ёфта, ба фурӯши умдаи маҳсулоти оҳанӣ ва таҷҳизоти лозим барои сохтани лғлаҳои обу гармидиҳӣ машғул аст. Ҳамчун роҳбари ин ширкат дар санадҳо шахсе бо номи Олег Грабилин нишон дода шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад