Пойгоҳи дар Хатлон барои истифода гурезагони эҳтимолӣ ихтисос дода шуд

Рӯзи 1 сентябр дар ноҳияи Ҷалолуддин Балхии вилояти Хатлон пойгоҳи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табиӣ осеб дида метавонанд, ба истифода дода шуд.

Рӯзи 1 сентябр дар ноҳияи Ҷалолуддин Балхии вилояти Хатлон пойгоҳи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табиӣ осеб дида метавонанд, ба истифода дода шуд.

Ин пойгоҳ дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ҳамин ноҳияҷойгир аст.

Тибқи иттилоъи маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ин пойгоҳ дар доираи ҳамкориҳои КҲФ бо шарикони байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ сохта шудааст.

Роҳбари Кумита Рустам Назарзода ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки тамоми талошҳои ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд равона карда шудааст.

Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ изҳор доштанд, ки дар оянда низ барои таҳкими зарфиятҳои Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Паноҳгоҳ барои наздики 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум шудаанд. Он алҳол бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин мебошад.

Дар маросими ба истифода омода кардани он Сарвари Намояндагии Комиссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон Мулугета Зевди, ҷонишини Сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон хонум Зайнаб-ал-Зави, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ Адҳам Мусаллам ва дигарон иштирок доштанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад