Юсуф Раҳмон дар Арабистони Саудӣ чиро баррасӣ кардааст?

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо як сафари корӣ аз Арабистони Саудӣ  боздид ва бо додситони кулли Арабистони Саудӣ мулоқот кардааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз 27 то 30 августи соли 2022 бо як сафари корӣ аз Арабистони Саудӣ  боздид ва бо додситони кулли ин шоҳигарӣ Сауд Абдуллоҳ Ал-Муаҷҷиб мулоқот кардааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Раҳмон ва Сауд Ал-Муаҷҷиб дар ҷараёни ин дидор “масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ ҳамчун террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллиро муҳокима кардаанд”.

Бино ба иттилиояи расмӣ, ба хотири амали гардондани мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи шартномаҳои байналмилалӣ ба расмият даровардани он байни идораҳои додситонии ду кишвар як ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) ба имзо расонида шуд.

Тафсилоти дигар дода нашудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад, то фаъолияти ҳизбу созмонҳои дар ин ҷумҳурӣ террористӣ эътирофшуда, бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар кишварҳои дигар низ расман манъ ва ин созмонҳои террористӣ эътироф шаванд. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 манъ гардида, ин ҳизби оппозитсионӣ дар ин кишвар ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ҳам ифротӣ ва ҳам террористӣ шомил карда шудааст.

То кунун талошҳои Душанбе барои террористӣ эътироф шудани ҲНИТ аз сӯи кишварҳои дигар бенатиҷа буданд, вале ахиран Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни боздидаш аз Душанбе хабар дод, ки ин ниҳод алакай ба додгоҳ бо дархости дар Русия созмони террористӣ эътироф кардани ҲНИТ муроҷиат кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад