Ҳушдори Тайван; Паҳподҳои Чинро сарнагун мекунем

Вазорати дифоъи Тайван дар иқдоми чолиш барангез муддаӣ шуда, ки паҳподҳои артиши Чинро, ки ба ҳушдорҳо посух намедиҳанд сарнагун хоҳад кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҳоле ки артиши Чин камокон қудрати низомии худро ба Тайван нишон медиҳад, мақомҳои низомии Тайван муддаӣ шудаанд, ки қодиранд паҳподҳои Тайванро сарнагун кунанд.

Вебгоҳи “Drive”, рӯз се шанбе дар ин замина навишт, вазорати дифоъи Тайван дар иқдоми чолиш барангез эълом карда , ки дар оянда паҳподҳои артиши Чинро, ки ба ҳушдорҳо посух намедиҳанд, сарнагун хоҳад кард. Мақомоти низомии ин ҷазира эълом карданд, ки сомонаҳои дифоъи паҳподӣ тавсеа ёфтаи бумиро дар саросари қаламрави ҷазира мустақар хоҳанд кард. Ин ки дақиқан чӣ навъ сомонаи дифоъи паҳподӣ барои истифода дар чунин сенарияҳои барнома резӣ шуда аст, мушаххас нест.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамалоти паҳподҳоии Чин бар фарози ҷазоири «Кинман» ва ҳамчунин «Матсу» дар ҳоли анҷом аст. Қаламрави ҳавоӣ ва дарёӣ Тайван ҳамчунин муддатҳост, ки конуни фаъолияти низоми Чин аст.

Артиши Чин дар сурати ҷанг бо Тайван ба таври қатъ аз анвоъи паҳподҳои мухталифи худ истифода мекунад. Ин паҳподҳо метавонанд ба вижа дар талош барои тахриби сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ Тайван, ки мумкин аст дар ҷазоир мустақар шаванд, муфид бошанд.

Пекин, ки Тайванро бахше аз Чин медонад, ин таҳаррукоти Вашингтон ва муттаҳидонашро муғоири асли «Чини воҳид» ва дахолат дар умури дохилии Чин мехонд ва борҳо бар омодагии худаш барои ҳифзи ҳокимият Чин таъкид карда аст.

Тайи ҳафтаҳои ахир ва ба думболи сафари таҳрикомези Нэнси Пелоси ба ҷазираи Тайван ба рағми ҳушдорҳои Чин , танишҳо дар минтақа шиддат ёфта аст. Баъд аз сафари Нэнси Пелоси ба Тайван, бархе дигар аз мақомот ва сиёсатмадорони амрикоӣ ба ин ҷазира сафар ва бо мақомоти Тайван дидор кардаанд. Чин бо баргузории размоиши низомӣ ба ин таҳаррукот посух дода ва ҳамзамон қудратнамоӣ ҷангандаҳои чинӣ дар минтақа шиддат ёфтааст.

Тайван муддате аст, ки гирифтори маъмуриятҳои  рӯзонаи ҷангандаҳо ва размновҳои артиши Чин шуда аст.

Дар таҳаввули дигар, сухангӯи неруи ҳавоӣ Чин рӯзи якшанбе гуфт, ки ҳавопаймоҳои низомии насли ҷадид монанди сӯхтрасонҳои «WU-20» амалиёти шудаанд. “Ян Минхуй” аз фармондаҳони неруиҳуои Чин низ гуфт, ки ҳавопаймои WU-20 амалкарди парвозӣ ва зарфияти ҳамли сӯхти хубе дорад, ки метавонад набарди мудовим ва қобилиятҳои ҳамалоти дурбурди неруи ҳавоиро беҳбуд бахшад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад