Олмон наметавонад таслиҳоти бештаре ба Украина ирсол кунад

Вазири дифоъи Олмон гуфта: кишвараш барои ин ки битавонад тавонои дифоъӣ аз худашро ҳифз кунад набояд силоҳи бештаре ба Украина ирсол кунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазири дифоъи Олмон гуфта чунончи Берлин бихоҳад тавоноияш барои дифоъ аз худашро ҳифз кунад неруҳои мусаллаҳи ин кишвар набояд силоҳҳои бештаре ба Украина ирсол кунанд.

“Кристиан Ламбрехт”, вазири дифоъи Олмон рӯзи сешанбе гуфт, ки вазифаи ӯ дар ин симат, амнияти миллии Олмон аст. Вай тасреҳ кард: «бояд ба унвони вазири дифоъ эътироф кунам дорем ба сақфи он чи метавонем аз захоирмон бибахшем мерасем.»

Вай изофа кард неруҳои мусаллаҳи Олмон бояд қодир бошанд амният дар сатҳи миллӣ ва минтақаиро ҳифз кунанд. Ӯ гуфт талош хоҳад кард ин мавзӯъро тазмин кунад.

Олмон аз замони оғози даргириҳо дар Украина анвоъи силоҳҳои мухталифро дар ихтиёри Киев қарор дода аст. Ин кишвар илова бар сомонаҳои падофнди Стингер, сомонаи тӯпхонаӣ «Panzer Hobbits 2000» ва танк, падофанди ҳавоӣ «Гепард» силоҳҳои дигаре низ ба Украина ирсол карда аст.

Кристиан Ламбрехт, пеш аз ин ҳам гуфта буд, ки тавоноӣ неруи мусаллаҳи Олмон барои ирсоли таслиҳот ба Украина маҳдуд аст. Ӯ авосити моҳи июл ҳушдор дода буд: «наметавонем бештар аз ин [силоҳ] ирсол кунем.»

Русия аз 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози «амалиёти вежаи низомӣ дар Украина» хабар дод.

Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозӣ зудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом карда ва гуфта аст, ки қасди тасарруфи арозии Украинаро надорад.

Давлати Украина аммо истиқлоли Луганск ва Донетскро ба расмият нашинохта ва ҳузури низомии Русияро «таҷовуз ва ҳамла ба тамомияти арзии« худ хонда аст.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд.

Ба рағми ҳимоятҳои ғарбиҳо, дар саҳнаи майдонӣ Русия тавониста Луганск дар минтақа шарқи Донбасси Украинаро ба кантроли худ дароварда ва дар талош барои тасаллут бар ҳамаи манотиқ Донетск аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад