Бо ҳамла ба Англис метавонем натиҷаи ҷанги Украинаро тағйир диҳем

Яке аз фармондаҳони собиқи артиши Русия гуфт, Русия метавонад бо мушакҳои абарфаросавт Англис ва ҷазоири атрофро аз рӯи нақша маҳв кунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як фармондеҳи собиқи артиши Русия сареътарин масир барои шикасти Украинаро маҳв кардани Англис ва ҷазоири атрофи он аз рӯи нақша ва табдили он ба як кишвари ҷаҳони севум донист.

Рӯзномаи англисии “Daily Mirror”, рӯзи се шанбе навишт, ки “Андрей Горолиев”, фармондеҳи бознишастаи артиши Русия ва намояндаи феълии Думои ин кишвар гуфта, сареътарин роҳи шикаст додани Украина аз байн бурдани Англис ва табдил кардани он ба як кишвари ҷаҳони севумӣ аст.

Андрей Горолиев изҳор дошт, Лондон медонад, ки ҳеҷ дифоъе баробари мушакҳои абарфаросавти Русия надорад. Англисиҳо инро ҳам медонанд, ки ҳадафи аслии [ҳамлаи Русия] на Олмон ва на Фаронса балки Англис хоҳад буд.

Бар асоси ин гузориш, таваққуфи мушакҳои абарфаросавти бисёр сахт аст зеро панҷ баробари сареътар аз суръати савт ва дар масири мутафовит нисбат ба соири мушакҳо парвоз мекунанд. Онҳо метавонанд дар се дақиқа ба Англис бирасанд ва қобилияти ҳамлаи атомӣ доранд.

Вай ҳушдор дод, ки чунин ҳамлае тамоми неругоҳҳои Англис (50 неругоҳ)-ро аз байн мебарад ва ҳимояти Ғарб аз Украинаро мутаваққиф микунд.

Андрей Горолиев тавзеҳ дод: «Англис наздиктарин ҳадаф аст ва ҳадафи хубе ҳам ҳаст, ки ба мо имкон медиҳад натиҷаи даргирӣ дар Украинаро тағйир диҳем. Бинобар ин бо аз байн бурдани комили Англис ва манотиқи атрофи он ба моҷаро файсала хоҳем дод.»

Андрей Горолиев гуфт: «мушаки абарфаросавт қудрати тхриби фавқалъоддае дорад ва баробар бо силоҳи атомӣ амал мекунад.»

Англис аз ҷумла кишварҳое аст, ки ҳамсу бо Амрико ба Украина силоҳ ва соири таҷҳизоти низомӣ ирсол карда аст. Русия нигаронии худро аз кишварҳои узви НАТО бобати таҷҳизи таслиҳот ба Украина баён карда ба тавре ки «Сергей Лавров» вазири хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ҳаргуна таслиҳот ба мақсади Украина метавонад мавриди ҳадафи Русия қарор гиранд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Керемл низ гуфт, ки кумакрасонии Ғарб ба Украина мӯҷиби ҳалли буҳрони Украина намешавад ва танҳо паёмадҳои манфӣ дар бардорад.

Русия аз 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин кишвар неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти низомӣ хабар дод. Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозӣ зудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом карда ва гуфта аст, ки қасди тасарруфи арозии Украинаро надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад