Талоши аввалин қозии бо ҳиҷоби Амрико барои дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон

Нахустин қозии бо ҳиҷоб дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ду моҳ қабл дар маросиме бо савганд ба Қуръони Карим кори худро оғоз кард мегӯяд, қасд дорад аз ҳуқуқи мусулмонони ин кишвар дифоъ кунад.

Барои аввалин бор дар таърихи Иёлати Аризона, як қозии зани мусулмон дар додгоҳи шаҳри Финик оғоз ба кор кард.

Лайло Икром, ба унвони қозии муваққат савганд ёд кар. Икром ҷудо аз инки мусулмон аст, аввалин қозӣ дар таърихи Иёлот Муттаҳидаи Амрико аст, ки бо ҳиҷоб мебошад. Финикс Бизнес Журнол гузориш дод, ки ӯ ҳамчунин аввалин қозие буд, ки ба Қуръон савганд ёд кард.

Икром дар Коллеҷи Ҳуқуқии Сандро дар донишгоҳи Иёлатии Аризона дар соҳаи ҳуқуқ таҳсил кард. Падару модар ӯ аз Ғаззаи Фаластин ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират карданд.

Икром дар гузашт чандин мақоми муҳимми ҳуқуқиро бар уҳда доштааст. ӯ пеш аз интисоб ба унвони қозии муваққат, ба унвони вакили мудофеи ҷиноӣ дар дафтари додситони ноҳияи Марикопа кор мекард. Лайло мехоҳад бахши муҳимме аз ҷомеаи мусулмонон бошад, ки ба дунболи адолат ҳастанд.

Мансуб шудан ба унвони як қозии муваққат нуқтаи шурӯе барои ҷаҳиш ба самти интисоб ба унвони қозии доим аст.

Вай мегӯяд: тамоми ҳадафи ман аз ваколат ин аст, ки мехоҳам ба ҷомеа хизмат кунам. Парвандаҳои ҷиноӣ болотарин ҳаҷми кори додгоҳҳоро шомил мешаванд. Додгоҳи ҷиноӣ ҷоест, ки аксари мардум масоили рӯзмарраи худро ҳал мекунанд. Эҳсос мекунам ин тавоноиро дорам, ки ба суръат ва ба равиши одилона ба мардум кумак кунам.

Пеш аз Икром ҳам ду зани мусалмони дигар ҳам дар солҳои 2021 ва 2022 ба унвони қозӣ хидмат кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад