Путин зарбаи ниҳоиро мезанад

Як коршиноси аврупоӣ дар заминаи амнияти энергия таъкид кард: Иттиҳодияи Аврупо дар шароити кунунӣ дар вазъияти буғранҷе қарор гирифта, чун ҳар лаҳза мумкин аст "Владимир Путин", зарбаи ниҳоиро дар ҷанги энергия ворид кунад.

 

Як коршиноси аврупоӣ дар заминаи амнияти энергия таъкид кард: Иттиҳодияи Аврупо дар шароити кунунӣ дар вазъияти буғранҷе қарор гирифта, чун ҳар лаҳза мумкин аст “Владимир Путин”, зарбаи ниҳоиро дар ҷанги энергия ворид кунад.

Ба гузориши вебгоҳи Англисии “Express”, Валери Чао, коршиноси амнияти энергия дар ёддоште бо унвони «Оё Русия содироти газ ба Аврупоро аз сар хоҳад гирифт?» навишт: Иттиҳодияи Аврупо дар шароити кунунӣ дар вазъияти буғранҷе қарор гирифта, чун ҳар лаҳза мумкин аст Владимир Путин, зарбаи ниҳоиро дар ҷанги энергия ворид кунад.

Вай афзуд: то ҳамин алон Иттиҳодияи Аврупо натавониста манобеи ҷойгузини гази Русияро барои ҷилавгирӣ аз чунин рухдоде, пайдо кунад ва ба ҳамин далел дар баробари зарбаи наҳоӣ аз сӯи Владимир Путин осеб пазир аст.

Вай дар идома навишт: бо вуҷуди стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи танаввӯъ бахшидан ба манобеъи энергияи худ, аммо ин иттиҳодия дар шароити кунунӣ то ҳадди зиёде ҳамчунон ба гази Русия ниёз дорад то захоири худро дар ҳадди маъқул ва муносиб ҳифз кунад.

Гуфтнӣ аст дар пайи оғози амалиёти вежаи низомии Русия дар Украина аз 24 феврал 2022, равобит миёни Маскав ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба сардӣ ва таниш гароид. Дар пайи ин рухдод Русия бо таҳримҳои сахте аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ шуд ва тасмим гирифт аз мизони содироти энергияи худ ба кишварҳои аврупоӣ бикоҳад. Ин рухдодҳо муҷиб шуда бо наздик шудан ба фасли сармо ва зимистон, кишварҳои аврупоӣ ҳароси шадиде аз камбуди манобеъи газӣ пайдо кунанд ва ба мушкили ҷидди рӯ ба рӯ шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад