Пентагон низомиёни собиқи Афғонистонро ба Украина мефиристад

Ба гузориши хабаргузории "ТАСС", ба нақл аз як манбаъи огоҳ: Пентагон халабонҳо ва неруҳои низомии ягонҳои вижаи собиқи Афғонистонро барои эъзом ба Украина омӯзиш медиҳад.

 

 

Ин манбаъи низомӣ- сиёсӣ, ки хабаргузории “ТАСС” ба номаш ишорае накарда аст афзуд: вазорати дифоъи Амрико (Пентагон) аз соли гузашта дар ҳоли ҷазби халабонҳои афғонистонӣ аст, ки ба ин кишвар фирор карданд.

Ба иддаои ин манбаъи ношинос, ин барномаи омӯзишӣ дар аёлти Калифорния сурат мегирад ва қарор аст тамоми халабонҳои омӯзиш дидаи афғон аз тариқи Полша ба Украина эъзом шаванд.

Вай таъкид кард, ки ин давраи омӯзишӣ натанҳо шомили халабонҳои собиқ балки шомили Афғонистониҳое, ки дар гузашта дар воҳидҳои вижа фаъолият мекарданд низ мешавад.

Ба гузориши ТАСС, ин гуна талошҳои Ғарбиҳо таъсире бар хурӯҷи амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина надорад ва танҳо онро ба таъвиқ меандозд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймононашон бо ирсоли кумакҳои нақдӣ, таҷҳизот ва аслиҳа ба Украина, ки аз беш аз 6 моҳ пеш бо Русия даргири ҷанг шуда аст, кумакҳои низоми ба Киевро афзоиш медиҳанд.

Токунун бисёре аз коршиносон дар бораи вуруди кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Амрико ва ҳамчунин НАТО ба ҷанги Украина ҳушдор дода ва дар бораи шурӯъи ҷанги ҳастаӣ ё ҷанги ҷаҳонии севум ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба тозагӣ “Ричорд Блак”, мақоми собиқи вазорати дифоъи Амрико дар изҳороте эълом кард, ки на Иёлоти Муттаҳида ва на НАТО ба теъдоди Украиниҳои кушта шуда дар даргирӣ миёни ин кишвар ва Русия аҳамият намедиҳанд ва барои онҳо, пирӯзии тарафи худашон муҳим аст.

Ричорд Блак таъкид кард, ки Украина дар тасмимгирӣ барои сулҳ ё идомаи ҷанг нақше надорад ва тасмим дар ин маврид бо Вашингтон аст.

Аз замони рӯи кор омадани Байден, Амрико дар маҷмӯъ тақрибан 10.6 миллиард доллар кумаки амниятӣ дар ихтиёри Украина қарор дода аст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 21 феврал 2022 бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқи Донетск ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт ва се рӯз пас аз он, панҷшанбе 24 феврал низ амалиёти низомӣ, ки онро «амалиёти вижа» хонд, алайҳи Украина оғоз кард ва ба ин тартиб равобити пуртаниши Маскав – Киев ба рӯёрӯӣ низомӣ тағйири вазъият дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад