Кумаки 2 миллион долларии Амрико ба Узбакистон барои таъмини амнияти ғизоӣ

Амрико аз тариқи ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) барои таъмини амнияти ғизоӣ дар Узбакистон ба кишоварзон ва тавлидкунандагон муодили 2 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос дод.

Амрико аз тариқи ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) барои таъмини амнияти ғизоӣ дар Узбакистон ба кишоварзон ва тавлидкунандагон муодили 2 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос дод.

Амрико аз тариқи ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) барои таъмини амнияти ғизоӣ дар Узбакистон ба кишоварзон ва тавлидкунандагон дар кишвар муодили 2 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос додааст. Ҳадаф аз ихтисоси ин кумаки молӣ таҳкими зарфиятҳои кишвар дар таъмини амнияти ғизоӣ дар шароити буҳрони ғизоии ҷаҳонӣ аст.

Бар асоси гузориши сафорати Амрико дар Тошканд, ин кумаки молии ҷадид барои ҳимоят аз мардуми осебпазир аз буҳрони физояндаи ҷаҳонии ғизо кумак мекунад ва барои афзоиши ҳаҷм ва кайфияти кудҳои тавлидӣ дар Узбакистон истифода мешавад.

Ҳамакнун дар Узбакистон 210 ширкати муштарак бо сармоягузории сармоягузорони амрикоӣ фаъолият мекунанд.

Амрико истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 27 декабри соли 1991 ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 феврали соли 1992 байни ин ду кишвар равобити дипломатик барқарор шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад