Кумаки 10 миллион евроии Комиссияи Аврупо ба бахши энержии Тоҷикистон

 Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энергии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион евро ихтисос диҳад.

 Идораи кулли ҳамкориҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо дар назар дорад барои иҷрои маҷмӯае аз иқдомот дар заминаи ҳимоят аз бахши энергии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион евро тахсис диҳад.

 Бинобар гузориши Комиссияи Аврупо, ин проекти истифода аз манобеи энержии пойдор дар Тоҷикистонро бо ҳифзи муҳити ниҳодӣ ва назорати муносибат дар бахши энергӣ тарвиҷ мекунад.

 Таъкид мешавад, ки будҷаи тахсисёфта, ба вижа, бояд ба тавсеаи зарфият ва короии Вазорати энержӣ ва манобеи об, ширкати давлатии энержии «Барқи тоҷик» ва идораи мудирияти барқи хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон кумак кунад.

 Комиссияи Аврупо эълом кардааст, ин маҷмӯа иқдомот ба шаффофтар шудани бозори барқи Тоҷикистон кумак мекунад. Ин қиматҳо барои бахши хусусӣ ҷаззоб хоҳад буд ва тамоми илзомоти модернро, ки дар бозори барқи минтақаӣ эъмол мешавад, бароварда мекунад.

 Илова бар ин, ин проект ба тақвияти таомул байни зинафъон дар бахши энержӣ ва коҳиши интишороти газҳои зарарнок барои муҳити зист кумак хоҳад кард.

 Лозим ба ёдоварӣ аст, ки пеш аз ин гузориш шуда буд, ки давлати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар заминаи ҷазби манобеи молӣ барои сохтусози Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ҳоли музокира аст.

 Дар ин маврид Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали Вазорати энержӣ ва фановариҳои навини Тоҷикистон дар 12 июли имсол дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ эълом карда буд.

 Вай таъкид кард, ки ҳанӯз дар мавриди маблағи мушаххасе зуд аст, зеро раванди музокирот токунун такмил нашудааст.

 Ба гуфтаи Шоимзода, ҳамзамон бо Иттиҳоди Аврупо музокирот дар ин замина бо кишварҳои эҳдокунандагони молӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли анҷом ҳастанд.

 Вай ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон тафоҳумномаҳоеро бо Узбакистон ва Қазоқистон дар заминаи арзаи энержии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба ин кишварҳо имзо карда, ки таъсири матлубе ба ҷазби кумакҳои молӣ хоҳад дошт.

 Хабаргузории Руйтерз чанде қабл бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо гузориш дода буд, ки Бонки сармоягузории Аврупо қасд дорад ба бузургтарин сармоягузор дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун табдил шавад.

 Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ин иқдомро бо тамоюли мустақил сохтани Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ин кишвар аз энержии Русия муртабит хонда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад