Ҳимояти Англис аз Украина поёни имсол мутаваққиф мешавад

Як мақоми огоҳ дар вазорати дифоъи Англис эълом кард, ки ҳимоятҳои молии ин кишвар аз артиши Украина то хотимаи соли ҷории мелодӣ поён хоҳад ёфт.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як мақоми огоҳ дар вазорати дифоъ Англис якшанбе шаб эълом кард, ки ҳимоятҳои молии ин кишвар аз артиши Украина то хотимаи соли ҷории мелодӣ поён хоҳад ёфт.

Ба навиштаи хабаргузории “Инни News”, Англис қасди хотима додан ба ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва молӣ аз Украинаро дорад. Ин масъала нахуст вазири ҷадиди ангисро бо мушкилоте дар заминаи ҳимоятҳое чанд миллиард фунтӣ аз Украина дар ҳоле, ки вазъияти молии ин кишвар таҳти фишор аст, мувоҷеҳ мекунад.

Инак мардуми Англис дар ҳоли дарки мушкилоте ҳастанд, ки бояд барои ҳимоят аз Киев ва бими афзоиши баҳои сӯхт дар ин кишвар пардохт кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия дар моҳи апрел нигаронии худро аз кишварҳои узви НАТО бобати таҷҳизи таслиҳот ба Украина баён кард. “Сергей Лавров”, вазири хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ҳаргуна таслиҳот ба мақсади Украина метавонад мавриди ҳадафи Русия қарор гиранд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Керемл низ гуфт, ки кумакрасонии Ғарб ба Украина муҷиби ҳаллӣ буҳрони Украина намешавад ва танҳо паёмадҳои манфӣ дар бар дорад.

Аналена Баербок, вазири хориҷаи Олмон ва аз муттаҳидони аслии Амрико низ ба тозагӣ аз маҳдудияти шадиди ин кишвар барои ироаи кумаки таслиҳотӣ ба Украина хабар дод.

Вазири хориҷаи Олмон дар мусоҳибае эълом кард, ки анбори таслиҳоти ин кишвар барои ирсоли мқодири бештаре аз силоҳ ба Украина кофӣ нест ва бо камбуди ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.

Аналена Баербок гуфт: «мо мехоҳем бо ҳар ончи дар ихтиёр дорем аз Украина ҳимояти низомӣ кунем, аммо мутаасифона дар шароити феълӣ худмон касри мутлақ дорем».

Русия аз 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлол ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин кишвар неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти низомӣ хабар дод. Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозизудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом карда ва гуфта аст, ки қасди тасарруфи арозии Украинаро надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад