Тоҷикистон мизбони ҳамоиши сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа

Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мизбони ду ҳамоиши сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа мешавад, ки аз истодагарӣ дар баробари мушкилоти иқлимӣ то тиҷорату фарҳангро фаро мегиранд.

Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мизбони ду ҳамоиши сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа мешавад, ки аз истодагарӣ дар баробари мушкилоти иқлимӣ то тиҷорату фарҳангро фаро мегиранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат Кумитаи махсус барои ташкили мулоқоти роҳбарони давлатҳои минтақа дар Душанберо таъсис додаст.

Бар асоси қарор, мулоқоти 5-уми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Мулоқоти мазкур рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2023 дар назар аст, аммо омодагиҳо барои баргузорӣ ва таҳияи барномаи он дар Тоҷикистон аллакай оғоз шудааст. Дастур шудааст, ки хароҷоти баргузории ин чорабиниҳо ҳисоб ва аз буҷаи давлат таъмин карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал моҳи январи соли 1993 бо қарори роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, муассисони он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд. Мулоқоти машваратӣ низ роҳбарони давлатҳои зикршударо дар бар мегирад.

Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд ва имсол ин дидори сарони давлатҳои минтақа дар Қирғизистон баргузор шуд.

Мавзуъҳои мулоқоти мазкур фарох буда, аз сиёсат то тиҷорат ва фарҳангу сайёҳатро фаро мегирад.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада аст :

Утоқи бозаргонӣ ва саноеи Тоҷикистон аз баргузории нишасти корофринони кишвар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Корофринони тоҷик, аморотӣ ва Арабистони Саудӣ дар нишасте, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили марбут ба эҷоди тиҷоратро баррасӣ карданд.

Дар ин нишаст ҳайатҳои тиҷории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ шомили намояндагони ширкатҳои мутавассит ва мӯътабари фаъол дар заминаҳои атрсозӣ, кишоварзӣ, саноеи сабук, саноеи дастӣ, гардишгарб ҳузур ёфтанд.

Дар ин нишаст намояндагони беш аз 60 ширкати бахши хусусии фаъол дар заминаҳои мухталиф ҳузур доштанд.

Дар поёни ин нишаст тоҷирони тоҷик бо ҳамтоёни аморотӣ ва Саудии худ ба тавофуқоте даст ёфтанд ва омодагии худро барои барқарории равобит эълом карданд.

Нишасти мазкур дар чорчӯби сафари ҳайати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар ҳамоиши сармоягузории «Кӯлоб – 2022» , ки рӯзҳои 26 -27 август дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, сурат гирифт.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад