Русия ҳамчунон аз тиҷорат бо Амрико миллиардҳо доллар ба даст меорад

Хабаргузории “Associated Press” гузориш дод, садҳо навъи мухталиф аз колоҳои русии таҳримнашуда ба арзиши миллиардҳо доллар ҳамчунон ба бандарҳои Амрико интиқол додамешаванд.

Дар гузориши хабаргузории “Associated Press” омадааст: беш аз 3600 маҳмула аз чуб, металл, резин ва дигар колоҳо аз феврали соли ҷории милодӣ токунун аз Русия вориди бандарҳои Амрико шудаанд. Ин омор шоҳиди як коҳиши бисёр назаррас нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2021 будааст, замоне ҳудуди шаш ҳазор маҳмула аз Русия вориди бандарҳои Амрико шуда буд, аммо арзиши он ҳануз ҳам ба беш аз як миллиард доллар дар моҳ мерасад. Тақрибан ҳар рӯз маҳмулаҳое аз Русия вориди бандарҳои Амрико мешаванд.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: ба назар мерасад, ки мамнуъ кардани воридоти колоҳои асосӣ бештар ба бархе машоғилу бахшҳо дар Амрико осеб ворид мекунад то дар Русия. Тибқи гузоришоти бархе воридкунандагони амрикоӣ колоҳои ҷойгузинро аз ҷоҳои дигар таъмин мекунанд, аммо бисёре дигар аз воридкунандагони амрикоӣ аз чунин имконе бархурдор нестанд.

Бар асоси ин гузориш, афёи ворид шуда комилан қонунӣ ҳастанд ва ҳатто давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ ворид кардани ин ақломро ташвиқ мекунад.

Бо ин ҳол, дар бархе маворид ташхиси маншаи маҳсулоти ирсол шуда аз банодири Русия душвор аст. Ба таври мисол, ширкатҳои энержии Амрико ба ворид кардани нафт аз Қазоқистон аз тариқи банодири Русия идома медиҳанд агарчи ин нафт гоҳе бо сӯхти мамнуъ шудаи русӣ таркиб шудааст.

Ҷейкоб Нел, иқтисоддони муассисаи хадамоти молии Морган Стэнли гуфт: Русия яке аз содиркунандагони калидии металҳои чун Алюминий, пӯлод ва титан аст. Мутаваққиф кардани ин тиҷорат метавонад ба таври назаррасе ҳазинаҳо барои амрикоиҳоро, ки дар ҳоли ҳозир гирифтори таваррум ҳастанд, боло барад.

Вай афзуд: идеяи асосии иҷрои таҳрим ин аст, ки талош мекунед ба шивае амал кунед, ки мунҷар ба ранҷи бештар барои тарафи дигару ранҷи камтар барои худатон шавед.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад