Писари 3-сола зери чархи мошини падар

Дар пайи як ҳодисаи нақлиётии даҳшатнок писари 3-сола зери чархи мошини падар монда ва ба ҳалокат расидааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Дар ноҳияи А. Ҷомӣ падаре писари хурдсоли 3-солаашро бо мошинаш ҳангоми ҳаракат ба самти қафо пахш намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.

ВКД бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ВКД Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргбори дигар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи “Тойота-Марк”, таҳти идораи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Вадудов Дилшод, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст”, – иттилоъ додааст ВКД.

Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

“Аммо ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” мутаасифона дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, хабар додааст ВКД.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳаводис аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад