Мухолифати Олмон ва Фаронса бо таҳрими кулли ҷамъияти Русия

Фаронса ва Олмон мӯътақиданд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба судури раводид барои русҳое, ки бо давлати Маскав иртибот надоранд, идома диҳад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, давлатҳои Берлин ва Париж дархости мақомоти аршади Киев барои таҳрими кулли ҷамъияти Русия ба баҳонаи ҳимоят аз ҷанг бо Украинаро рад карданд.

Шабакаи Блумберг гузориш дод, Фаронса ва Олмон мӯътақиданд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба судури раводид барои русҳое, ки бо давлати Маскав иртиботе надоранд, идома диҳад.

Тибқи ин гузориш, дар санаде, ки барои нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Прага таҳия шуда, Париж ва Берлин таъкид кардаанд, ки идомаи судур раводид барои шаҳрвандони русӣ, ки ба мақомоти Русия муртабит нестанд, аз ҷумла донишҷуён, донишмандон, мутахассисон ва афроди дорои машоғили халлоқ зарурӣ аст.

Дар ин санад омадааст: «бо дарки нигарониҳои бархе аз кишварҳои узв дар ин замина, мо набояд қудрати тағйирдиҳндаи таҷрибаи шахсии зиндагӣ дар системҳои демократик, ба вежа барои наслҳои ояндаро дасти кам бигирем».

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тарҳе баҳс хоҳанд кард, ки барои русҳое, ки моил ба дарёфти раводиди кӯтоҳ муддат ҳастанд, рӯвияҳои идории бештареро ироа медиҳад ва ҳамчунин онҳоро маҷбӯр ба пардохти ҳазинаи бештар мекунад.

Интизор меравад, ки масъалаи мамнуъияти судури раводид барои кулли ҷамъияти Русия, тавассути ширкат кунандагон дар нишасти ғайрирасмии вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Прага дар 30 то 31 август матраҳ шавад.

Чанде қабл Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфта буд давлатҳои ғарбӣ бояд ба унвони иқдоми талофиҷуёна алайҳи амалиёти вежаи Русия, вуруд ҳамаи русҳо ба кишварҳояшонро ба муддати як сол мамнуъ кунанд.

Дмитрий Колеба, вазири хориҷаи ин кишвар низ бо такрори иддаои Владимир Зеленский, тамоми мардуми Русияро ба ҳимоят аз амалиёти низомӣ дар Донбасс муттаҳам карда ва аз Иттиҳодияи Аврупо ва давлатҳои узви гурӯҳи 7 хост то вуруди онҳо ба кишварҳояшонро мамнуъ кунанд.

Мақомоти украинӣ дар ҳоле тамоми русҳоро ҳомии ҷанг бо кишвараш муаррифӣ карда ва хостори таҳрими ҳамаи онҳо шуда, ки қаблан дар суханрониҳои мукаррар, иддао карда буданд, ки мардуми Русия дар ҳоли ба роҳ андохтани тазоҳуротҳои зидди давлатӣ барои мутаваққиф кардани амалиёт дар Донбасс ҳастанд.

Пеш аз Олмон ва Фаронса низ, Амрико ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфта буданд аз идаи Украиниҳо дар бораи мамнуъияти судури раводид барои тамоми шаҳрвандони русӣ ҷиҳати вуруд ба ин кишвар ҳимоят намекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад