Маҳкумияти зани ҷаон ба 34-сол зиндон ба сабаби ҳимоят аз ҳуқуқи занон

Суде дар Арабистони Саудӣ як ҷани ҷавонро ба далели нашри чанд паём дар робита ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон ба 34 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар Арабистони Саудӣ як зани соҳиби ду фарзандро ба далели иртибот бо фаъолон ва нашри паёмҳои онҳо дар робита ба ҳуқуқи занон дар ин кишвар ба 34 сол зиндон маҳкум шудааст.

Бар асоси гузориши Маркази ҳуқуқи башари Халиҷ ин зан ба далели фаъолиятҳояш дар Твиттер аз суи додситони Арабистон ба “бесубот кардани амнияти ҷомеа ва давлат” муттаҳам шудааст.

Ин ниҳод илова кардааст, ки ин сахтарин муҷозотест, ки то ба ҳол дар ин кишвар алайҳи як зани фаъол дар умури занон вазъ шудааст.

Ин зан, ки Салмо ном дорад, модари ду кӯдак мебошад ва ба сурати муназзам паёмҳоеро дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар ин кишвар нашр мекунад.

Салмо дар яке аз ин паёмҳои худ дар соли 2019 гуфта буд: “ман беадолатиро қабул надорад.”

Суди Арабистон ӯро муттаҳамм ба терроризм карда ва далели муҷозоти сахти худро ҳамин масъала унвон кардааст.

Созмони ҳуқуқи башарии Қист дар Лондан ин ҳукми тӯлониро маҳкум карда ва онро саркуби сахтгиронаи беш аз ҳад хонд.

Дар давраи валиаҳдии Муҳаммад ибни Салмон ислоҳоти мухталифе ба нафъи занон аз ҷумла иҷозати ронандагӣ барои занон ва ҳиҷоби ихтиёрӣ сурат гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад