Афғонистон нахустин харидори барқи Тоҷикистон

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар моҳҳои январ-июли соли равон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 афзоиш ва ба 64,5 миллион доллар расидааст.

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар моҳҳои январ-июли соли равон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 афзоиш ва ба 64,5 миллион доллар расидааст.

Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон ба маблағ беш аз 64,5 миллион доллар ба хориҷ барқ содир карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи 17,2 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.

Масрафкунандаи аслии барқи Тоҷикистон Афғонистон аст ва Ӯзбекистон низ бо ҳаҷми нисбатан камтаре барқи тоҷикро харидорӣ мекунад.

Бар асоси қарордодҳои имзошуда Афғонистон барои ҳар киловатт соъат барқи Тоҷикистон 4,67 сент Ӯзбекистон 2 сент пардохт мекунад.

Таруфаи поин барои Ӯзбекистон ба ин далеласт, ки Тоҷикистон низ ба навбаи худ гази табии ин кишварро бо қимат коҳиш ёфта дарёфт мекунад.

Пеш аз ин, дар оғози моҳи ҷорӣ мудирияти ширкати “Барқи тоҷик” гузориш дода буд, ки мавориди таълиқи барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷории нисбат ба солҳои гузашта коҳиши чашмгире дошта аст .

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ширкат “Барқи тоҷик” 28 миллион доллар бидеҳкор шудааст.

Муҳамадумар Асозода, мудири ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ дар аввали моҳи август бидеҳии тарафи афғон аз ин ширкатро бо мушкилоти марбут ба интиқоли маблағ аз ҳисобҳои ширкати “Брешно” дар банкҳои Афғонистон муртабит донист ва гуфт ки тарафи Афғонистон дар талоши рафъи ин мушкилот аст.

Бино бар ин суханони вай, дар моҳи июли имсол ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар мунтақил карду кор дар ин замина идома ва қарз марҳала ба марҳала пардохт мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар нишасти матбуотӣ аз бедиҳии ширкати «барқрасони Бершнои Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод.

Бинобар суханони вай, дар ҳоли ҳозир бедиҳии ширкати давлатии Бершнои Афғонистон ба тарафи тоҷик 28 миллион доллар буда ва бо мушкилоти марбут ба интиқоли пул аз ҳисобҳои ширкати мазкур дар бонкҳои Афғонистон муртабит аст.

Бар асоси таъкиди раиси ширкати Барқи тоҷик, дар ҳоли ҳозир раёсати ширкати Бершнои Афғонистон дар талош барои рафъи ин мушкилот аст.

Асозода илова кард, ки дар моҳи июли имсол ширкати Бершнои Афғонистон 2 миллион доллар ба ҳисоби бонкии ширкати Барқ тоҷик мунтақил кард.

Ба гуфтаи вай, кор дар ин росто идома дорад ва мобақии бедиҳӣ марҳила ба марҳила бозпрдохт хоҳад шуд.

Раиси ширкати Барқи Тоҷикистон тасреҳ кард: «содироти барқ идома дорад ва ҳеҷ мушкиле дар ин замина вуҷуд надорад. Тамоми зерсохтҳои лозим чӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чӣ дар хоки Афғонистон дар ҳоли кор қарор доранд.»

Ба таъкиди вай, мавориди қатъи содироти барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба таври қобили таваҷҷӯҳе коҳиш доштааст.

Дар поёни моҳи декабри соли гузашта раёсати Барқи Тоҷикистон ва ширкати Бершнои Афғонистон протоколеро ба тавофуқномаи соли 2008 дар мавриди арзаи барқ ба ин кишвар то соли 2028 мелодӣ ба имзо расонданд, ки содироти рӯзона 400 мегаватт соат дар давраи баҳор – Тоҷикистон (моҳи май– сентябр) ва 25-30 мегаватт соат барқ дар давраи терамоҳ – замистон (октябр – апрел) дар соли 2022 пешбинӣ мекунад.

Бар асоси ин қарордод, ширкати Бершнои Афғонистон барои ҳар киловатт соат барқи дарёфтӣ аз Тоҷикистон 4.66 сент пардохт мекунад.

Бинобар гузориши тарафи тоҷикӣ, дар нимаи аввали солӣ ҳудуди 734 миллион киловатт соат барқ ба Афғонистон содир шудааст.

Ба таври куллӣ бо ҳисоби арзаи барқ ба Узбакистон, маҷмӯи содироти барқи Тоҷикистон дар январ то июни соли ҷорӣ ҳудуди 1.6 миллиард киловатт соат будааст.

Дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба таври куллӣ 7 миллиарду 659 миллион киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта ба ҳаҷм 71 миллион киловатт соат бештар аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад