Тағйири қонуни муҳоҷират дар Русия

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки ба наздики дар Русия ба қонуни муҳоҷиратӣ тағйироти ҷидӣ сурат мегирад.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки ба наздики дар Русия ба қонуни муҳоҷиратӣ тағйироти ҷидӣ сурат мегирад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар моҳи сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои Амниятро дар бораи мушкилот дар сиёсати муҳоҷиратии Русия баргузор мекунад, гуфт дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия.

Оқои Медведев ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир “тарҳи қавонини фарогир” омода мешавад, ки шароити будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Русия танзим мекунад.

Дмитрий Медведев шарҳ дод :

“Моҳи сентябри соли равон ин масоил дар ҷаласаи бузурги Шӯрои Амният, ки ба сиёсати муҳоҷиратӣ бахшида мешавад, пешниҳод хоҳанд шуд. Бинобар ин, лоиҳаи нави қонуни фарогир омода мешавад, ки бояд шароити вуруд, хуруҷ ва будубоши хориҷиёнро дар Русия танзим намояд”.

Муовири раиси Шӯрои амнияти Русия ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ дар бораи ин тарҳи қонунро эълон карда буд. Сипас тавзеҳ дод, ки вай аз таъсиси феҳристи ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад ва ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаҳои байнулмилалии мавҷуда таҳлил карда, “мутобиқати онҳо ба ин қонун тағйирот ворид намоянд”.

Дмитрий Медведев дар соли гузашта низ дар бораи зарурати тағйири сиёсати муҳоҷират гуфта буд. Вай дар суҳбатҳояш ба афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон низ ишора карда буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар панҷ соли охир тамоюли коҳишёбии ҳолатҳои манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ мушоҳида мешавад: дар ин давра шумораи онҳо тақрибан 40% коҳиш ёфтааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон Вазорати умури дохилии Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷирро аз ҳаққи ворид шудан ба қаламрави ин кишвар маҳрум намуд. Ин маълумот дар омори раёсати сиёсати муҳоҷират барои моҳҳои январ-июн зикр шудааст.

Дар хабарнома омадааст: “Дар моҳҳои январ-июни соли 2022, 80 273 ариза дар бораи иҷозат надодан ба вуруд ба Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фиристода шудааст”.

Ин нишондод дар панҷ соли охир пасттарин буд. Зеро, дар ҳамин давраи соли 2021, 98 ҳазор муҳоҷир, соли 2020 – қариб 111 ҳазор, соли 2019 – беш аз 135 ҳазор ва соли 2018 – беш аз 145 ҳазор муҳоҷир аз ҳуқуқи омадан ба Русия маҳрум буданд.

Вазорати умури дохилӣ сабаби мамнӯъияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро аксаран нақзи шароити будубоши муваққатӣ ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки маълумоти қаблӣ дар бораи надодани иҷозаи вуруд ба Федератсияи Русия моҳи апрел нашр шуда буд. Сипас, дар тӯли се моҳ, он қариб 60 000 муҳоҷирро фаро гирифт.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад