Русия мизбони размоиши низомии “маъмурияти сулҳ – 2023”

 Размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай таҳти унвони “маъмурияти сулҳ – 2023” ба мизбонии Русия дар соли оянда баргузор мешавад.

Размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай таҳти унвони “маъмурияти сулҳ – 2023” ба мизбонии Русия дар соли оянда баргузор мешавад.

Сергей Шойгӯ, вазири дифои Русия аз баргузории размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви СҲШ дар хоки ин кишвар, хабар дод. Вай зимни суханоне дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ гуфт: “соли оянда размоишҳои муштараки низомии зидди террористии фармондеҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай таҳти унвони “маъмурияти сулҳ – 2023”-ро дар хоки Русия баргузор хоҳем кард.

Вазири дифои Русия ҳамчунин ёдовар шуд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузории чандин размоиши низомӣ барномарезӣ шудааст.

Дар ин иҷлос, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор шуд, мавзӯъоти марбут ба густариши бештари ҳамкориҳои байни давлатӣ дар ҳавзаи дифоӣ, иқдомот барои таъмини сулҳ, субот ва амният дар фазои Шангхай, ҳамоҳангсозии талоши кишварҳои узви ин созмон дар заминаи мубориза бо хатар ва таҳдидот баррасӣ шуданд.

Созмони Ҳамкории Шангхай як созмони байналмилалии байни давлатӣ аст, ки дар соли 2001 дар Шангхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Ҳинд ва Покистон дар нишасте, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, узвияти комили ин созмонро ба даст оварданд. Ҳамакнун Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндаҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шангхай аст.

Акнун Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Туркия, Шри-Ланка, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд. Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шангхай дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2021 мароҳил ва фарояндҳои ироаи мақоми шарики гуфтугӯ ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад