Поёни ҳамоиши “Pamir Invest-2022” бо 30 қарордод ба арзиши 92 миллион доллар

 Дар поёни ҳамоиши байналмилалӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории "Pamir Invest-2022" ба маблағи беш аз 92 миллион доллар қарордод мунъақид шуд.

Дар поёни ҳамоиши байналмилалӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории “Pamir Invest-2022” ба маблағи беш аз 92 миллион доллар қарордод мунъақид шуд.

Дар поёни ҳамоиши байналмилалӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон баргузор шуд, 30 қарордод ба маблағи 950 миллион сомонӣ (беш аз 92 миллион доллар) мунъақид шуд.

Илова карда мешавад, ки ин қарордодҳо дар натиҷаи музокироти рӯ дар рӯ мунъақид ва ҳамкории мустақим дар бахшҳои сохту соз, маъдан ва санъати фароварӣ, кишоварзӣ, созмондеҳии поркҳои IT ва ғайраро пешбинӣ мекунанд.

Ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузории “Pamir Invest-2022” дар шаҳри Хоруғ ва бо мушорикати густардаи сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорат ва ниҳодҳо баргузор шуд.

Ҳадаф аз ин ҳамоиш ҷазби сармоя барои тавсеаи заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон ва муаррифии фурсатҳои сармоягузории он ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ эълом шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад