Душанбе мизбони конфронси байналмилалии зидди террористӣ

 Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории конфронси зидди террористӣ ба мизбонии кишвар дар тирамоҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории конфронси зидди террористӣ ба мизбонии кишвар дар тирамоҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Рӯзҳои 18-19 октябри соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар конфронси сатҳи боло таҳти унвони «ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаи амният ва мудирияти марзҳо барои муқобила бо терроризм ва ​​ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мешавад.

Бинобар гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ин конфронс ба ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо ва гурӯҳҳои террористӣ, мудирияти муассири марзҳо ва иқдомоти марбут ба муқобила бо терроризм мутамаркиз хоҳад буд.

Қайд карда мешавад, ки ин рӯйдод идомаи мантиқии «раванди Душанбе» аст, ки дар моҳи майи соли 2018, замоне, ки аввалин конфронси минтақаии маркази зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор шудааст.

Ин конфронс ба сурати муштарак тавассути давлати Тоҷикистон, дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милал, маркази минтақаии Созмони Милал барои дипломосии пешгирона барои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Арабистони Саудӣ ва давлати Қатар созмондеҳӣ шудааст.

Ҳадафи аслии ин конфронс тавсеаи ҳамкорӣ дар мавриди масоили муҳими амнияти марзӣ аст, ки дар қатъномаи ҳафтумин стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмони Милал, ки тавассути Маҷмаи умумӣ дар июни соли гузашта ба тасвиб расид ва дар қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амнияти Созмони Милал таъйин шудааст.

Ин иҷлос ба таҷзия ва таҳлили чолишҳои кунунии амнияти марзҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он, аз ҷумла шиносоии таҳдидҳо ва хатарҳо дар мудирияти марзҳо дар чорчӯби мубориза бо терроризм ихтисос хоҳад ёфт.

Дар ин нишаст мавзӯъоти асосӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақаӣ аз ҷумла тақвияти табодули муассири иттилоот бо тарафҳои зинафъи ниҳодҳои иҷрокунандаи қонун ва контроли марзҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд гирифт.

Тайи ин ҷаласа ҳамчунин иртибототи билқувва байни ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ ва терроризм баррасӣ ва дар хусуси абзорҳои мубориза бо ин зуҳурот табодули назар сурат мегирад.

Илова бар ин равандҳои кунунӣ дар робита ба ҳаракати террорстҳо аз тариқи марз ва чигунагии таъсири ин равандҳо бар чашмандози таҳдид дар манотиқи мухталиф ва дигар мавзӯъот дар ин замина мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегиранд.

Дар поёни ин конфронс «эъломияи Душанбе дар мавриди амният ва контроли марзҳо барои мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ба тасвиб мерасад.

Дар ин конфронси зидди террористӣ намояндагони беш аз 50 кишвари узв аз Осиёи Марказӣ, минтақаи Осиё – Уқёнусия, Аврупо ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон, ки дар талош барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо мушорикат доранд ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, сохторҳои зидди террористии паймони ҷаҳонии Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷомеаи маданӣ ва мутахассисон гардиҳам меоянд.

Намояндагони органҳои мубориза бо терроризм, амнияти марзӣ ва адолати кайфарӣ ва ҳамчунин созмонҳое, ки барои мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез мушорикат доранд, даъват хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад