Таъкид ба тавсеаи бештари равобит дар гуфтугӯи Путин ва Раҳмон

Дар тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин, чашмандози тавсеаи бештари равобити дӯстонаи байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин, чашмандози тавсеаи бештари равобити дӯстонаи байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши манбаъ : 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Сарони ду кишвар дар идомаи гуфтугӯҳои муназзам, ҷанбаҳои хосе аз равобити дӯстиву ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия ва чашмандози тавсеаи бештари онро дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф дар мавриди мавзуоти байналмилалӣ ва бархе аз масоили ҳамкориҳои минтақаӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа бо таъкид бар вазъияти Афғонистон табодули назар карданд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин барномаву дастури кори рӯйдодҳои чандҷонибаи ояндаро баррасӣ ва дар хусуси ин мавзуот ба тавофуқ расиданд ва бар аҳамияти тавсеаи бештари ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистону Русия таъкид карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳамкориҳои дуҷониба аз дигр мавзуоти матраҳ миёни Владимир Путин, президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи ин суҳбати телефонӣ буд, ки ҷузъиёти бештари аз он расанои нашудааст.

Ҳамзамон тибқи итиилои дафтари матбуоти раисҷқумҳури Русия зимни гуфтугӯ роҳбарони ду кишвар мавзуи нишасти СҲШ, ки қарор аст моҳи сентябр дар Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шавад, баррасӣ намуданд.

Манбаъ иттилоъ додааст :

“Бархе масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни Русия ва Тоҷикистон, инчунин мавзуъҳои нишасти СҲШ, ки қарор аст моҳи сентябр дар Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шавад, баррасӣ шуд”.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.

Дафтарии матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст :

“Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад