Се вакили нав вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуданд

Се вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар интихоботи миёндаврӣ пирӯз шуданд, дар иҷлосияи ғайринавбатӣ савганд ёд карданд.

Се вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар интихоботи миёндаврӣ пирӯз шуданд, дар иҷлосияи ғайринавбатӣ савганд ёд карданд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Қурбонзода дар пайи ёд кардани савганд ба ҳайси вакил дар парлумон мақом гирифт.

Аз ҷумла вакилон Қурбонзодаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб намуданд. Ӯ дар ин мақом Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз намуд, ки ахиран ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русия таъйин шуд.

Маврид ба зикр аст, ки қабл аз роҳ ёфтан ба парлумон, Қурбонзода низ ба ҳайси ректор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Ӯ ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардид.

Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.

Бо қарори вакилон, Гулаҳмадзода ба ҳайси узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш дод, ки ваколатҳои ду намоянда аз парлумон пеш аз муҳлат қатъ карда шудааст.

Ниҳоди мазкур мегӯяд, Ваколатҳои вакилии Файзулло Машраб Қурбоналӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.

Тибқи ин гузориш, ӯ ҳамчунин аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия озод карда шудааст.

Қатъи ваколату барканории Машраб Файзулло дар ҳолест, ки ӯ ахиран бо қарори ҳукумат ба вазифаи нав таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Файзулло Машраб Қурбоналиро ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русия таъйин кард.

Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Назирӣ Гулбаҳорро қабул намуданд. Ҳамчунин аз таъйиноти Назирӣ Гулбаҳор Назир ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин фармонҳои дигари президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллиро таъйид карданд.

Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуда, Шарифзода Фируз Ҳомиддин вазифаи муовини раиси БМТ-ро гирифт.

Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки фармони таъйиноти ӯро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад