Дидори ҳайати Конгресси Амрико бо раисҷумҳури Узбакистон

 Раисҷумҳури Узбакистон ва намояндагон конгресси Амрико дар шаҳри Тошканд таҳкими беш аз пеши равобити роҳбурдӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Раисҷумҳури Узбакистон ва намояндагон Конгресси Амрико дар шаҳри Тошканд таҳкими беш аз пеши равобити роҳбурдӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва Трент Келлӣ ва Дорин Леҳуд, намояндагони Конгресси Америка дар шаҳри Тошканд таҳкими беш аз пеши равобити роҳбурдӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Тарафайн бар идомаи мубодилоти фаъоли байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои мутақобили амалӣ бо иёлатҳои Месисипи ва Илинойз, ки намояндагони Конгресс дар он ҳузур доранд, таъкид карданд.

Ҳамчунин бар сатҳи болои равобити дуҷонибаи бадастомада дар солҳои ахир ва тавсеаи равобити пурсамар ва боздидҳои мутақобил таъкид шуд.

Дар ин дидор баён шуд, ки ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар дар соли гузашта 53 дарсад ва аз ибтидои соли ҷорӣ 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Теъдоди ширкатҳои амрикоии фаъол дар бозори Узбакистон дар ҳоли афзоиш аст.

Раисҷумҳури Узбакистон фаъолияти гурӯҳи ҳамкорӣ бо Узбакистонро, ки дар Конгресси Амрико фаъолият мекунад, арзишманд хонд.

Дар ин дидор ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкориҳои судманд дар заминаҳои беҳдошт, омӯзиш, кишоварзӣ, санъат ва фановариҳои пешрафта мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди созмондеҳии маъмуриятҳои тиҷорӣ аз манотиқи ёдшудаи Амрико ба Узбакистон ба тавофуқ расиданд.

Амрико истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 27 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 феврали соли 1992 мелодӣ байн ин ду кишвар равобити дипломатик барқарор шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад