Бузургтарин кумаки низомии Амрико ба Украина

Кохи Сафед ахиран мардуми Украинаро ба Рӯзи истиқлол табрик ва эълон кард, ИМА бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба ин кишварро ихтисос медиҳад.

Кохи Сафед ахиран мардуми Украинаро ба Рӯзи истиқлол табрик ва эълон кард, ИМА бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба ин кишварро ихтисос медиҳад.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико тайи як эъломияе, ки дар сомонаи расмии Кохи Сафед мунташир шудааст, гуфтааст, Украинаро ба маблағи 2,98 миллиард доллар кумак хоҳад кард.

Ҳамзамон Байден дар ин эъломия мардуми Украинаро ба Рӯзи истиқлоли кишварашон табрик гуфта, таъкид кардааст, ки иёлоти Муттаҳида аз мардуми Украин ҳимоят мекунад, мардуме, ки ба гуфта вай “ба мубориза барои дифо аз ҳокимияти худ идома медиҳанд”.

Ӯ афзуд: “Ба унвони бахше аз ин таъаҳҳуд, ман ифтихор дорам, ки бузургтарин кумаки амниятии худро то ба имрӯз эълом кунам: тақрибани 2.98 миллиард доллар барои таслиҳоту таҷҳизот, ки аз тариқи ибтикори кумаки амниятии Украина ироа мешавад”.

Ба гуфта вай, ин кумак ба Украина иҷозат медиҳад то низомҳои дифои ҳавоӣ, системаҳои тӯпхонаӣ, муҳимоти ҷангӣ, системаҳои зиди паҳпод ва ғайраро харидорӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин раисҷумҳури Амрико бо интишори баёнияе гуфтугӯӣ телефонии ӯ бо Владимир Зеленский, ҳамтои Украинии худ ишора ва эълом кард, ки ба ин кишвар кумаки амниятии ҷадид ба маблағи як миллиард долр ироа хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад