Амнияти минтақа меҳвари ройзаниҳои мақомоти амниятии Узбакистону Русия

Дабири шӯрои амнияти миллии Узбакистон ва Русия дидор ва дар мавриди чолишҳои минтақа аз ҷумла Украина гуфтугӯ карданд.

Дабири шӯрои амнияти миллии Узбакистон ва Русия дидор ва дар мавриди чолишҳои минтақа аз ҷумла Украина гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Хабаргузории Форс, Виктор Маҳмудов, дабири шӯрои амнияти вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Узбакистон ва Николай Петрушев, дабири шӯрои амнияти Русия дар шаҳри Тошканд дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳарду тараф дар ин дидор бо ишора ба тавсеаи беш аз пеши равобити широкати роҳбурди ва ҳам паймони байни Узбакистон ва Русия таъкид карданд, ки бо вуҷуди ситезаҷуиҳои кунунии иқдомоти ҷомеъ барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи давлатии ду кишвар, сохторҳои нерӯи ва созмонҳои амниятӣ идома дорад.

Тарафи русӣ нигаронии худро аз талошҳои ғарб ва дар марҳалаи аввал Амрико барои эҷоди конуни таниш дар фазои кишварҳои ҷомеъаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ иброз дошт.

Партушев дар гуфтугӯ бо ҳамтои узбакистонии худ гузоришеро дар мавриди барқарории зиндагии мусолематомез дар сарзаминҳои ҷумҳуриҳои Донетск ва Лугански озодшуда ва ҳамчунин минтақаҳои Херсон, Запароже ва Харков дар ихтиёри вай қарор дод.

Вай дар ин миён таъкид кард, ки зиндагии мусолематомези мардум табъи натсиалистии украинӣ, ки ҳамчунон бо гулулаборонҳои густардаи шаҳрҳои эмин аз ҷумла бо истифода аз тупхонаи дурбурд ва сомонаҳои мушакпартоби чандгонаи дарёфтб аз ғарб истифода мекунанд, нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад