Ҳамнавоии Русия бо нигарониҳои Тоҷикистон аз терроризм дар Афғонистон

Тоҷикистон, ки дар ни нишастҳои минтақаӣ мухталиф ҳамвора аз вазъияти амниятӣ дар марзҳои худ бо Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунад, ахиран ҳамнавоии Русияро дар ин замина ҷалб кардааст.

Тоҷикистон, ки дар ни нишастҳои минтақаӣ мухталиф ҳамвора аз вазъияти амниятӣ дар марзҳои худ бо Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунад, ахиран ҳамнавоии Русияро дар ин замина ҷалб кардааст.

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи нишасти  солонаи дабири Шӯрои амнияти кишварҳои Шанхай, аз тариқи бӯҳрони башарӣ ва иқтисодӣ ва фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ, ва дар ин росто, ҳамкории амниятӣ ва низомии кишварҳои худро дар заминаи мубориза бо терроризм барнома рези карданд.

Пас  аз тассалути Толибон бар Афғонситон аз соли гузашта,муҳимтарин хостаҳои кишварҳои минтақа ба хусус ҳамсоягони ин кишвар аз давлати Толибон мамонеъат аз ҳузури террористҳо ба вижа нерӯҳои ДОИШ дар манотиқи марзӣ ва ҳамла ба хатар андохтани амниятӣ онон будааст.

Тоҷикистон бо беш аз 1357  километи марзӣ бо Афғонистон беш аз соирин дар ин хӯсус изҳори нигаронӣ мекунад.

Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир яке аз мақосиди гурӯҳҳои ифротӣ будааст. Ба таври намуна ДОИШ  дар ин минтақа ба далели мушкилоти густардаи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ аз бастарҳои мусоид барои густариши терроризм ва ҷазби нерӯ суистифода карда ва ҳастаҳои хомушро ташкил додааст.

Ҳастаҳои хомуши ДОИШ дар ин минтақа ва бесуботи дар Афғонистон ва ҳамалоти чанбора ба матониқи марзии Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ин нигарониро ташдид кардааст. Ба тавре, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ахиран дар ин бора гуфтааст: Вазъияти Афғонистон рӯ ба бадтар шудан аст ва бояд даври он камарбанди амниятӣ эҷод кард. Чаро, ки рӯйдодҳои Афғонистон бар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла дар Осиёи Маркзӣ таъсироти манфи хоҳад дошт.

Аловабарин ахиран интишори ахбори мабни ба таъсиси ҷунбиши Толибон Тоҷикистон дар устони Бадахшони Афғонистон дар наздики марз бо Тоҷикистон, эҳсоси ноамнӣ  мақомоти Душанберо вориди марҳилаи ҷадиде кардааст.  Бо ин ҳол Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангуи давлати Толибон вуҷӯди чунин гурӯҳро дар Афғонистон инкор кардааст.

Ҳузури гурӯҳи террористӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ба далели масоили жеополетики ва ваҷҳои музоафи таҳдидзоиро шакл медиҳад. Чаро, ки дар манотиқи мавриди эътирози Тоҷикистон дар хусуси ташкили нерӯҳои мусаллаи мухолифи давлати душанбе, хоки Афғонистон пеши рӯи мусалас шакл дар дохили Тоҷикистон пайдо мекунад ва умқи стратежик дар дохили хоки Тоҷикистон барои ин гурӯҳҳо эҷод мешавад.

Марвин Веинбаум коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора гуфтааст: Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон дар мавриди мавҷудияти гурӯҳои мусаллаҳ дар Афғонистон нигаронанд. Раванди ҳузӯри ин гурӯҳҳо, сарозер шудани ноамнӣ ба кишварҳои минтақаро низ афзоиш хоҳад дод.

Ихтилоф бар сари бозгашти ҳавопаймоҳо ва ҳелекуптерҳои Афғонистон, ки дар ҷараёни ҳамлаи Толибон ба Кобул дар соли гузашта аз кишвар хориҷ шуданд байни Толибон ва Тоҷикистон яке дигар аз ҷанбаҳои ихтилофи ду тараф аст. Илова бар таҳдидоти амниятӣ ва ихтилофоти сиёсии мазкур, дар ин миён масълаи дастдарози ба минтақаи Бадахшони куҳистонӣ ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин баҳонаҷӯйи барои саркуби мухолифони исломгароии давлати Душанбе низ ба унвони ангезаҳои барҷастасозии таҳдидоти марзӣ аз сӯйи ин давлат матраҳ мешавад. Ҷон Ҳедршов устоди донишгоҳи Экстери Инглис дар ин бора гуфтааст: Рӯйкарди Тоҷикистон барои мудирияти даргири кумаки чандоне ба ҳалли танишҳо дар ин минтақаи ошуфта намекунад ва зоҳиран тасаруфи комили минтақаи  Гурнуи Бадахшон мадди назар аст.

Бозтоби масълаи амнияти манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ройзании дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи нишасти солонаи дабири Шӯрои амнияти  кишварҳои Шанхай  ва таъкиди дабири Шӯрои амнияти Русия бар барномарези барои мубориза бо таҳдидоти амниятӣ дар манотиқи марзии мазкур нишон медиҳад Русия  ба унвони  қудрати  сунати соҳиби нуфӯз дар Осиёи Марказӣ, нигарониҳои амниятии кишварҳои ин минтақаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Дар ин байн шаклгирии музокироти байни Толибон ва Русия метавонад боиси тарғиби Толибон барои иқдомоти амниятизо дар манотиқи марзиаш махсусан Тоҷикистон шавад.

Замир Кабулов намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳӯри Русия барои масъалаи Афғонистон дар бораи ин равобит гуфтааст: Мо бо Толибон, ба унвони наҳоди ҳукуматии феълии Афғонистон суҳбат доштаем ва назари Амрико ҳам дар ин хусус барои мо муҳим нест. Бинобар ҳамнавоии Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати таҳдидзудоӣ аз марзҳои ин кишвар бо Афғонистон ва ройзаниҳои мавҷӯд бо ҳукумати Толибон эҳтимоли субот дар ин манотиқро афзоиш медиҳад.

Ба таври кулли метавон гуфт, дар канори талошҳои Русия ҳамсоягони Афғонистон ҳамонанди Эрон, ҷилавгирӣ аз шаклгирии нерӯҳои мусаллаҳ ва кантроли амният ва суботи дохили тавассути Толибон дар Афғонистон аз раҳгузари ташкили давлати фарогир мегузарад ва ин ба худии  худ боиси эҷоди таъаҳуд ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва шаклргирии равобити ҳасана бо ҳамсоягон мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад