Таъкиди Тоҷикистон ва Амрико ба тавсеаи муносибот

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Вашингтон бо дастёри вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф, баррасӣ шуданд.

Фаррух Ҳамрализода, сафири Тоҷикистон дар Вашингтон бо Доналд Лу, дастёри вазири корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор бахши васеъ аз масоил дар тавсеаи равобити дуҷониба байни ин кишвар ва Иёлоти Муттаҳида дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва ҳамчунин соир мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар поёни ин дидор ибрози умедворӣ шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда низ бар асоси манофеи дуҷониба тавсеа хоҳанд ёфт.

Гуфтанӣ аст, ки дастёри вазири корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар моҳи май дар чорчӯби як сафари давраӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон низ боздид кард.

25 май дар шаҳри Душанбе нӯҳумин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Доналд Лу, дастёри вазири корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар умури ОсиёиҶанубӣ ва Маркази баргузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад