Имрон Хон дар муҳосираи полиси Покистон

Манобеи хабарии Покистон аз муҳосираи Имрон Хон, сарвазири собиқи ин кишвар тавассути полис ва талош барои боздошти вай хабар додаанд.

Бар асоси гузоришҳо, ҳамзамон садҳо нафар аз ҷонибдорони Имрон Хон бо ҷамъомад дар муқобили хонаи вай ва бастани роҳҳо ва додани шуорҳое ба ин иқдоми полис эътироз карда ва монеи наздик шудани неруҳои полис шудаанд.

Тарафдорони Имрон Хон эълон кардаанд, ки боздошти вайро таҳаммул намекунанд.

Расонаҳо ба нақл аз вакили Хон гузориш додаанд, ки боздошти вай мумкин аст тайи соатҳои оянда иттифоқ биафтад.

Бархе расонаҳо мегӯянд, ки полис хонаи Имрон Хонро муҳосира карда ва пахши суханронии вай дар шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилавгирӣ шудааст.

Тибқи гузоришҳо Хон айни замон дар боздошти хонагӣ бар сар мебарад.

Бархе корбарон иддао карданд, ки Хон аз хонаи худ гурехтааст, аммо вай бо нашри аксе таъйид кард, ки фирор накарда ва дар хонаи худ аст.

 

Порлумони Покистон дар чанд моҳ пеш пас аз ҳафтаҳо таниши сиёсӣ дар ин кишвар бо раъйи адами эътимод ба Хон ӯро барканор кард.

Бисёре аз коршиносони сиёсӣ Амрикоро омили барканории вай аз қудрат медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад