Дархости Гутерриш барои роҳёбии маҳсулоти стратегии Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллал рӯзи шанбе хостори ҳамкории давлатҳо ва бахшҳои хусуси барои интиқоли маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералҳои кимёии тавлидии Русия дар канори ғаллоти Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бар асоси тавофуқномаи июл дар Истанбул шуд.

Таъкиди дабири кулли Созмони Миллал бар зарураияти роҳёбии маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо таваҷуҳ ба эҷоди монеъҳои мутаъадид дар ин замина аз сӯи ғарбиҳо бо эъмоли таҳримҳои густарда ва бесобиқа зидди Маскав маъно пайдо мекунад. Таҳримҳои густардаи ғарб зидди Русия ба равишҳои мухталиф сабаби коҳиши содироти маҳсулоти стротеги аз ҷониби ин кишвар шуд ва ҳамин масъала сабаби шаклгирии муъзали муҳим яъне буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шуда аст.

Ғарбиҳо муддаъи ҳастанд Русия барои таҳти фишор гузоштани кишварҳо ва эҷоди фишори ҷаҳонӣ барои рафъи таҳримҳо зидди Маскав монеъ аз содироти ғаллоти стратеги аз ҷониби Украина мешавад ва худ низ тамоюл ба содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ надорад.

Русия аз бузургтарин тавлидкунандагони гандум ва низ нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуд ва мусалламан содир нашудани ин маҳсулоти стратеги зарар зиёд ба кишварҳои ниёзманди ин маҳсулот ворид хоҳад кард.

Дар муқобили мақомоти аршади Русия борҳо эълом карданд, ки монеътарошиҳои мутаъадиди кишварҳои ғарбӣ ва эъмоли таҳримҳо зидди системаи бонки ва киштиронии Русия ва низ имтиноъ аз қабули киштиҳои бории ин кишваро дар бандарҳои мухталиф ва хадамотрасонии ба онҳо аз ҷумла монеъҳои муҳими идома доштани содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои менерали аз ҷониби Русия маҳсуб мешавад. Маскав борҳо ғарбро ба монеъатароши дар масири содироти гандум ва дигар маҳсулоти стратегии аз Русия мутаҳам карда аст.

Русия ва Украина нақши муҳим дар таъмини маҳсулоти ғизоӣ стратеги монанди гандум, ҷувори ва равғанҳои хуроки доранд, лизо тавофуқномаи ахир байни Русия, Украина, Туркия ва Созмони Миллал ва низ дархости ҷадиди дабири кулли Созмони Миллал барои роҳёбии маводи ғизоӣ ва нуриҳои минерали Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ метавон роҳро барои аз саргирии содироти ин маҳсулот аз Украина ва Русия ҳамор намояд. Ин тавофуқнома пас аз ҳушдори Созмони Миллал дар бораи густариши қаҳти дар бархе нуқоти ҷаҳон ба далели тавақуфи интиқоли ғаллот аз Украина ва ба дунболи он афзоиши нархҳо имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад