Баргузории иҷлоси фаъолони зани Созмони Ҳамкории Шангхай

Иҷлоси занони Созмони Ҳамкории Шангхай бо ҳузури 8 намоянда аз кишварҳои Қазоқистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ва чандин фаъоли сиёсии зан аз Ҳинд ва Чин ба шакли онлайн дар Тошканд баргузор шуд.

Иҷлоси занони Созмони Ҳамкориҳои Шангхай бо ҳузури 8 намоянда аз кишварҳои Қазоқистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ва Ҳинд ва Чин ба шакли онлайн дар Тошканд баргузор шуд.

Ҳайати Қирғизистон ба раёсати Ҷамила Исоева, ноибраиси Маҷлиси Қирғизистон, муташаккил аз Венро Раҳимпочоева, раиси кумитаи умури иҷтимоии Маҷлиси Қирғизистон, Жонил Алибоева, муовини вазири кор, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, Нургул Боқирова, муовини раиси додгоҳи олии Қирғизистон дар нишаст ҳузур ёфтанд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки ин маҷмаъ яке аз муҳимтарин ҳавзаҳо дар дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор аст. Ин иҷлос нақши муҳиме дар тазмини баробарии ҷинсиятӣ, тавсеаи бештар ва табодули таҷрибаҳо дар таомул байни кишварҳои Созмони Ҳамкории Шангхай барои тавонмандсозии занон ва иқдомоти лозим барои шиносоӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуд ифо мекунад.

Дар ин конфронс, суханронон таъкид карданд, ки чунин таомуле байн кишварҳои узви ин созмон дар ҷиҳати ҳимояти бештар аз мушорикати шоистаи занон дар фаъолиятҳои Созмони Ҳамкориҳои Шангхай аст.

Дар поён, баёнияи муштараке ба тасвиб расид, ки мабное барои афзоиши бештари талошҳои муштарак, тазмини сулҳу субот, басиҷи занон дар густариши равобит, ҳамкорӣ байни кишварҳо ва мардум ва тақвияти идаҳои башардӯстона дар фазои Созмони Ҳамкории Шангхай аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад