Эҳтимоли даргирии мустақими Англис ва Русия дар Украина

Як низомии аршади Англис муддаӣ шуд, ки неруҳои ин кишвар бояд барои даргирӣ бо Русия омода бошанд ва хонаводаҳои худро дар бораи имкони истиқрори густурда барои ҷанг омода кунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як мақоми аршади артиши Англис ҳушдор дод, ки неруҳои ин кишвар бояд барои ҷанги бо Русия омода бошанд.

Тавсияи ӯ пас аз он матраҳ шуд, ки раиси ҷадиди ситоди кулли артиши Англис гуфт, ки низомиёни англисӣ бояд қодир ба шикасти Русия дар набарди мустақим бошанд.

“Пол Карней”, тайи ёддоште дар маҷаллаи “Сарбоз” мутааллиқ ба артиши Биритониё навишт: «артиш дар ҳоли шакл додан ба худ барои муқобила бо таҳдиди Русия аст ва омода хоҳад буд бо таҷҳизоти муносиб, нақши худро дар ҷилавгирӣ аз ҷанги оянда дар Аврупо ифо кунад».

Ба навиштаи вебгоҳи “Роша Тудей”, ӯ дар идома афзуд: «мехоҳам ҳамаи мо барраси кунем, ки омодаги баднӣ барои амалиёт дорем ва ҳамчунин муҳим аст, ки наздикон ва хонаводаҳоеро, ки ағлаб дар ғаёби мо сахттарин нақшро доранд омода кунем. Тақозои ман ин аст, ки дар мавриди истиқрори эҳтимолӣ [барои ҷанг] бо онҳо баҳс кунед. Мумкин аст барои муддати тӯлонӣ қодир ба барқарори иртибот набошем».

Тибқи ин гузориш, ҳушдори ин низомии англисӣ ба маънои тағйири қарибулвуқуъи нақши Лондон дар даргирии Украина нест. Бо ин ҳол, ҳушдори генерал “Патрик Сандерс”, раиси ҷадиди ситоди кулли артиши Англис дар июн нишон медиҳад, ки артиши Русияро ба унвони ҳарифи аслии баъдии худ мебинад.

Патрик Сандерс, дар номае изҳор дошт: «акнун зарурат ҷиддӣ барои эҷоди артиши вуҷуд дорад, ки битавонад дар канори муттаҳидонамон биҷангад ва Русияро дар набард шикаст диҳад. Мо насле ҳастем, ки бояд артишро барои ҷангидани дубора дар Аврупо омода кунем».

Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар моҳи феврал, кишварҳои ғарбӣ ба вежа Амрико ва Англис бо ирсоли силоҳ ва таҷҳизоти ҷангӣ ба Украина ба оташи даргириҳо афзудаанд. Англис токунун 2.3 миллиард Фунт (2.7 миллиард доллар) ба Украина кумак низомӣ карда аст. Неруҳои англисӣ дар ҳоли  ҳозир дар ҳоли омӯзиши неруҳои истихдом шудаи украинӣ дар Биритониё ҳастанд ва созмонҳои иттилоотии ин кишвар зоҳиран иттилоотеро бо ҳамтоёни украинии худ ба иштирок мегузоранд.

Англис аз аъзои эътилофи НАТО аст ва дар сурати даргир шудан дар ҷанги аланӣ бо Русия, 29 кишвари дигари узв ин эътилоф, аз ҷумла Амрико муваззаф ба вуруд ба даргирӣ хоҳанд буд.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия ҷумъа (19 август) бо баёни ин, ки «Иёлоти Муттаҳида ва НАТО бо сӯҳбат дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Украина ба хоки Русия, авзоъро ташдид мекунанд», гуфт: мо ба Вашингтон нисбат ба ташдиди таниш алайҳи Русия аз хок Украина ҳушдор медиҳем. Вазъият бисёр хатарнок шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад