Сафари ҳайати Амрико ба Узбакистон; тавсеаи таомулот дар дастури кор

 Як ҳайат аз конгресси Амрико барои баррасии чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Узбакистон ва Амрико аз ҷумла тавсеаи таомулоти парлумонӣ вориди шаҳри Тошканд шуд.

Як ҳайат аз конгресси Амрико барои баррасии чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Узбакистон ва Амрико аз ҷумла тавсеаи таомулоти парлумонӣ вориди шаҳри Тошканд шуд.

Як ҳайат аз конгресси Амрико барои баррасии чигунагӣ ва чашмандоз ҳамкориҳои Узбакистон ва Амрико аз ҷумла тавсеаи таомулоти парлумонӣ вориди шаҳри Тошканд шуд.

Ин ҳайат шомили Трент Кели, раиси муштараки гурӯҳи Узбакистон дар конгресси Амрико, намояндаи ҷумҳурихоҳ конгрес аз «Ми Си Си Си Пи» ва Дорин Леҳуд, узви кумитаи роҳ ва расона, намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгрес аз иёлати Илинуй ва ҳамчунин ҳамроҳони онҳо аст.

Қонунгузорони амрикоӣ дар чорчуби ин сафар ба Узбакистон бо руасои Маҷлиси сано ва Маҷлиси олӣ ва ҳамчунин вазоратхонаҳо ва идорот ин ҷумҳурӣ дидорҳои дуҷонибае анҷом медиҳанд. Дар чорчӯби ин сафар ҳайати амрикоӣ ҳамчунин бо мероси таърихӣ ва фарҳангии Узбакистон низ ошно мешаванд.

Гуфтанӣ аст, ин ҳафтумин сафар аъзои конгресси Амрико ба Узбакистон аз соли 2017 аст. Гурӯҳе аз қонунгузорони амрикоӣ дар соли гузаштаи мелодӣ ду бор ба Узбакистон сафар карданд ва раёсати яке аз ононро Григорий Микс, раиси кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагон, намояндаи демократи конгресси Нию-Йорк ба ӯҳда дошт.

Амрико истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 27 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 19 феврали соли 1992 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити дипломатик барқарор шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад