Созмони ҳамкории Шангхай мубориза бо таҳдидҳои террористиро баррасӣ кард

 Дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай дар ҳафдаҳумин нишасти худ дар шаҳри Тошканд мубориза бо таҳдидҳои амниятро баррасӣ карданд.

Дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай дар ҳафдаҳумин нишасти худ дар шаҳри Тошканд мубориза бо таҳдидҳои амниятро баррасӣ карданд.

Дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ дар ин нишаст барои муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ва ҷурмҳо бо истифода аз фановариҳои иттилоърасонӣ таъкид карданд.

Дар ин нишаст дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узв ва нозири СҲШ ва ҳамчунин намояндагони дабирхона ва кумитаи иҷрои сохтори минтақаӣ зидди терроризми СҲШ низ ширкат карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст дар мавриди фаъолияти муштарак мабнӣ бар мубориза бо ситезаҷӯиҳои муосир ва таҳдидҳои амният дар минтақаи Созмони ҳамкории Шангхай табодули назар шуд.

Тарафайн таъкид карданд, ки вазоифи муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷурм бо истифода аз фановариҳои иттилоърасонӣ ҳамчунон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.

Илова бар ин, дар ин нишаст бархе абъоди тамҳидҳои нишасти руасои ҷумҳури кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай дар шаҳри Самарқанд дар моҳи сентябр баррасӣ шуд.

Нишасти дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ аз соли 2004 баргузор ва як созу кори ҳамоҳангӣ ва машварати ҳамкориҳои ҳамаҷониба маҳсуб мешавад.

Шонздаҳумин нишасти дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ рӯзи 23 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шудааст.

Созмони ҳамкории Шангхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шангхай аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими СҲШ шуданд. Ҳамакнун Эрон низ дар ҳоли тай кардан мароҳил ва фарояндаҳои узвияти доим дар СҲШ аст.

Акнун Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Туркия, Шари-ланка, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд. Дар нишасти Созмони ҳамкории Шангхай дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри сол 2021 мелодӣ мароҳил ва фарояндҳои ироаи мақоми шарики гуфтугӯ ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад