Се таҳдиди асосӣ ба кишварҳои узви СҲШ

Вазири умури дохилии Тоҷикистон натиҷаи мубориза бо хатарҳои асосиро дар кишвар назаррас арзёбӣ карда, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро баён доштаст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон натиҷаи мубориза бо хатарҳои асосиро дар кишвар назаррас арзёбӣ карда, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро баён доштаст.

Бояд ҳамкориро бар зидди 3 зуҳуроти номатлуб – терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, даъват кард Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамкоронаш аз кишварҳои узви СҲШ.

Раҳимзода зимни ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд таъкид намуд, ки хатарҳои зикршуда ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд.

Вазир гуфт:

“Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ, инчунин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”.

Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Мақомдорон дар ҷаласа ҳамчунин хостори тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв бо назардошти афзояндаи бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ шуданд.

Баробари густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм ҳамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ зикр шудааст.

Ҳамкорӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз самтҳои афзалиятноки дигари муҳим арзёбӣ гардидаст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай тавсия медиҳад, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ барои кишварҳои узв таҳия шавад.

Ба кишварҳои СҲШ тавсия дода мешавад, ки феҳристи ягонаи созмонҳои террористиро таъсис диҳанд.

Дар ин бора Артур Коновалов, муовини раиси сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти XVII-уми раисони Додгоҳҳои олии созмон дар Душанбе изҳор дошт.

Коновалов гуфт: “Сухан дар бораи ба мақсад мувофиқ будани рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ барои кишварҳои узви СҲШ меравад”.

Вай ба унвони мисол аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки дар ниҳоят ба ҳамла ба як анбори аслиҳа дар Душанбе ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 мунҷар шуд.

Баъдан, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо одамон ҳалок шуданд ва ҳизб ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон XVII-умин ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинӣ раисони додгоҳҳои олии Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат доранд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Федератсияи Русия ба масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ кард.

Ба гуфтаи вай, муколамаи намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар низоми судӣ баланд ва бештар аз ҳарвақта тавриди таваҷҷуҳ аст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин бор дар бораи таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ дар доираи СААД ва СҲШ президенти Тоҷикистон дар гузашта ва ахиран дар оғози соли ҷорӣ изҳор дошта буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз зарурати чунин феҳрист дар пайи тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ва фаъол гардидани созмони ҳои террористӣ қайд кард.

Ёдовар мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шангхай пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад