Размоиши муштараки Чин,Тоҷикистон, Русия, ва чан кишвари дигар

Вазорати дифои Чин эълом кард, неруҳои ин кишвар барои ширкат дар размоиши муштарак бо Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон ба Русия сафар хоҳанд кард.

Вазорати дифои Чин эълом кард, неруҳои ин кишвар барои ширкат дар размоиши муштарак бо Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон ба Русия сафар хоҳанд кард.

Ба гузориши “Мунибон”, Вазорати дифои Чин эълом кард, неруҳои ин кишвар барои ширкат дар размоиши муштарак бо Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Беларус ва Тоҷикистон ба Русия сафар хоҳанд кард.

Чин бо ин иқдом расман иттиҳоди худро бо Русия эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард, ки ширкати Чин дар размоиши муштарак «беиртибот бо вазъияти байналмилалӣ ва минтақаии кунунӣ»аст.

Тибқи баёнияи Пекин, ин манёврҳо бахше аз як тавофуқномаи ҳамкории солонаи дуҷониба дар ҷараён аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бо судури баёнияе эълом кард, ки размоиши низомии фармондеҳии марказии Иёлоти муттаҳида бо ҳамроҳии кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон оғоз шудааст ва то ҳафтаи оянда идома дорад.

Размоиши мавсум ба “Ҳамкории минтақаӣ – 2022” бо ширкати неруҳои мусаллаҳи Амрико, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҳоли иҷро аст.

Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Душанбе дар суханронии худ дар ифтитоҳи ин размоиш иддао кард: “Размоиши мавриди назар ба унвони як рӯйкарди муҳим барои ёфтани роҳиҳалҳои мусолиматомез барои чолишҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ба иштирокгузории иттилооту беҳбуди ҳамкориҳо дар заминаи амният амал мекунад ва таъсири бисёр хубе дар вазъияти Осиёи Марказӣ дар пасманзи таҳдидо хоҳад дошт.”

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва бахше аз неруҳои вокуниши сареъ, тамринҳои тактикии вижаро барои иртиқои тавони размӣ ва дифоии органҳои амниятӣ ва дифоии Қирғизистон баргузор мекунад.

Дар тӯли тамринҳо, гурӯҳҳои талфиқӣ аз неруҳои вижа, омӯзиш ва вазифаҳои амалиётӣ ва размии корбурдӣ амалиёти вижаеро то 5-уми августи соли ҷорӣ баргузор мекунанд.

Дар ин размоиш, гурӯҳҳои талфиқӣ аз неруҳои вижаи кишварҳои узви созмон, омӯзиш ва вазифаҳои амалиётӣ ва размиро барои ҷустуҷӯ, масдуд кардан ва хунсосозии бондҳо, гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамчунин масдуд кардани каналҳои қочоқи маводи мухаддир ва кашфи анборҳо ва озмоишгоҳҳо нигаҳдорӣ ва тавлиди маводи мухаддир ва инҳидоми онҳоро анҷом медиҳанд.

Воҳидҳои вазорати мавқеиятҳои изтирории вазифаҳои рафъи паёмадҳои ношӣ аз амалиёти зиддитеррористиро анҷом хоҳанд дод.

Бар асоси барномаи размоиш, омӯзиши фармондеҳӣ ва ситоди амалиётӣ дар заминаи барномарезии амалиёти вижа, созмондеҳии таомул ва мудирияти неруҳо ва васоили ноҳамгун пешбинӣ шудааст.

Дар поёни тамринҳо, мусобиқоти тирандозӣ бо анвои силоҳҳо байни тимҳои ширкаткунанда дар тамринҳо баргузор мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад