Нигаронии мақомоти амниятии Тоҷикистону Русия аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон

Дар дидори дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистону Русия дар мавриди фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ шуд.

Дар дидори дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистону Русия дар мавриди фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ шуд.

Насрулло Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти Тоҷикистон ва Николай Патрушев, дабири Шурои амнияти Русия дар ҳошияи нишасти солонаи дабирони Шурои амнияти кишвари Шанхай дар Тошканд дидор карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия мулоқоти Маҳмудзода ва Патрушев дар Тошканд, аз масоили марбути Афғонистон то Украинава ғайраро фаро гирифтааст.

Бино ба навиштаи манбаъ,”Ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин сатҳи баланди ҳамкориҳоро дар шакли минтақавию байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ таъкид намуданд”.

Дабирони Шӯрои амният таваҷҷуҳи хосро ба вазъияти Афғонистон зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, бӯҳрони башардӯстиву иқтисодӣ ва афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар мояи нигаронӣ арзёбӣ шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ба мизбонии Узбекистон дар шаҳри Тошканд ҳафдаҳумин нишасти солонаи дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории шанхай баргузор мешавад.

Қарор аст, дар ин иҷлос масоили марбут ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ ва ҳамчунин тазмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, баррасӣ шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад