Нахустин қатор аз Кӯлоб ба Русия расид

Нахустин қатори мусофирбар аз Кӯлоб ба Волгоград расид

Нахустин қатори мусофирбар аз Кӯлоб ба Волгоград расид.

Ин нахустин ҳаракати қатори мусофирбар баъди хуруҷи коронавирус миёни Тоҷикистону Русия мебошад.

Қатори ҳомли садҳо мусофир аз Кӯлоб ба шаҳри Волгоград шаби гузашта соати 02:08 бо вақти Маскав расид, хабар дод ТАСС бо такя ба идораи роҳи оҳани Приволжск.

Ба иттилои манбаъ, қатори мазкур дар истгоҳи рақами Волгоград-1 қарор гирифта, интизор меравад, ки 19 август соати 12:09 ба Кӯлоб раҳсипор шавад. Вақти расидан ба ин шаҳр 16:45 дақиқа арзёбӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки баъди танаффуси беш аз дусола соати 00:10-и 16-уми август аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград раҳсипор шуда буд. Тӯли ин хатсайр беш аз 3,3 ҳазор километрро ташкил дода, муҳлати сафар низ ҳудуди 3 рӯзу 3 соатро фаро мегирад.

Қимати билет барои платскарт дар ин масир наздики 1,6 ҳазор сомонӣ ва барои купе ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сафар дар қатори нахустин ҳамаи чиптаҳо, ки беш аз 600 ададро ташкил медод, фурӯхта шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол дар назар аст, ки рӯзи 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе – Волгоград ва рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд – Волгоград оғоз гардад. .

Маврид ба зикр аст, ки пас аз хуруҷи коронавирус дар соли 2020-ум ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия мутаваққиф шуд.

Мусофирон тайи ин муддат танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун ҳаракати қаторҳо дар ин самт эҳё шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳаракати қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия, ки аз 17 марти соли 2020 ба сабаби коронавирус мутаваққиф шуда буд, аз 30 августи соли 2022 аз сар гирифта мешавад. Рӯзи 18 июл “РЖД” (Ширкати “Роҳҳои оҳани Русия”) бо нашри як иттилоия гуфт: “Бар асоси маълумотномаи ширкати фаръии давлатии “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, аз 30 август байни Русия ва Тоҷикистон мусофиркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан аз сар гирифта мешавад”.

Қарор аст, ҳаракати қаторҳои мусофиркаш аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия ба роҳ монда шавад.

Ҷадвали ҳаракати қаторҳои ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” чунин аст:

– аз 30 август — хатсайри N329/330 Душанбе — Волгоград  ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе аз Душанбе ба самти Волгоград ҳаракат карда, рӯзҳои ҷумъа аз Волгоград ба самти Душанбе ба роҳ мебарояд;

– аз 7 сентябр — хатсайри N359/360 Хуҷанд — Волгоград, ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи чоршанбе аз Хуҷанд ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба роҳ мебарояд.

Сафар бо қатори роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Русия ва баракс се шабонарӯзро дар бар мегирад. РЖД гуфт, фурӯши чиптаҳо бояд рӯзҳои наздик сар шавад. Нархи сафар бо қатор байни Русияву Тоҷикистонро ҳанӯз эълон накардаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи марти соли 2020 Русия ба сабаби коронавирус марзҳояшро баст ва мусофиркашониро бо аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла бо Тоҷикистон қатъ кард. Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале азсаргирии ҳаракати қаторҳову автобусҳо қариб дувуним сол тӯл кашид.

Рӯзи 18 июл Узбекистон эълон кард, ки ҳаракати автобусҳоро то Русия аз сар мегирад.

Мусофиркашонӣ бо нақлиёти заминӣ (бо автобусҳо ва бо роҳи оҳан) байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бавижа барои он муҳоҷирони корӣ, ки тавони молиявиашон заифтар буда, зӯрашон барои пардохти чандсад доллар барои чиптаи ҳавопаймо намерасад, муҳим аст.

Ин қишри муҳоҷирон акнун метавонанд худро бо харҷи камтар то он кишвари муҳоҷирпарзир бирасонанд, зеро он кишвар ҳоло мақсади аввали муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад