Исроил омили тафриқаандозӣ дар миёни уммати исломӣ аст

Яке аз шахсиятҳои барҷастаи Ироқ мегӯяд, режими саҳюнистӣ омили тафриқаандозӣ дар миёни уммати исломӣ мебошад ва ин гуруҳҳои муқовимат ҳастанд, ки бо ақида ва имони устувори худ шарри яҳудро аз кишварҳои исломӣ решакан мекунанд.

Шайх Абдуламир Килонӣ, хатиби масҷиди Шокирал-ибод дар Бағдод гуфт, тавтеаҳои яҳудӣ бо тасаллути он бар ҷаҳон ба шеваҳои мухталиф оғоз шуд. Кинаи саҳюнистҳо нисбат ба пайравони адёни дигар ва тасаллути онҳо бар ҳукуматҳо дар минтақа ва режимҳои худкома барои пешбурди аҳдоф, омили тафриқа миёни мусалмонон шуд.

Вай бо ишора ба инки имрӯз яҳудиҳо аз тариқи ниҳодҳои сиррӣ ё пинҳонии динӣ, варзишӣ, фаннӣ ва низомӣ дар кишварҳои исломӣ нуфуз доранд, гуфт, Исроил дар пайи тасаллут бар расонаҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо мебошад. Яҳуд дар пайи дастёбӣ ба иқтисод ва сарвати ҷаҳон аст.

Ин шахсияти барҷастаи Ироқ гуфт, режими саҳюнистӣ омили эҷоди буҳронҳои ҷаҳонӣ буда ва аз Амрико барои таслим кардани кишварҳои мухолиф истифода мекунад то Исроилро таъйид кунанду ба оддисозӣ бо вай рӯ оваранд.

Шайх Килонӣ бар аҳамияти нақши ҷабҳаҳои муқовимат барои озодсозии Фаластин аз дасти режими яҳудӣ таъкид карда гуфт, ки шуҷоъат, ақида ва имони муҳками онҳо омили озодии Фаластин хоҳад шуд.

Вай бар зарӯрати ваҳдату якпорчагии мусалмонон барои муқобила бо яҳуд таъкид карда гуфт, ки Қуръони Карим моро ба ваҳдату бародарӣ даъват карда ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) моро аз тафриқа ва ҷудоӣ манъ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад