Ҷонибдории Созмони Ҳамкории Шанхай аз таҳияи рӯйхатти ягонаи созмонҳои террористӣ

Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай тавсия медиҳад, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ барои кишварҳои узв таҳия шавад.

Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай тавсия медиҳад, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ барои кишварҳои узв таҳия шавад.

Ба кишварҳои СҲШ тавсия дода мешавад, ки феҳристи ягонаи созмонҳои террористиро таъсис диҳанд.

Дар ин бора Артур Коновалов, муовини раиси сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти XVII-уми раисони Додгоҳҳои олии созмон дар Душанбе изҳор дошт.

Коновалов гуфт: “Сухан дар бораи ба мақсад мувофиқ будани рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ барои кишварҳои узви СҲШ меравад”.

Вай ба унвони мисол аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки дар ниҳоят ба ҳамла ба як анбори аслиҳа дар Душанбе ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 мунҷар шуд.

Баъдан, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо одамон ҳалок шуданд ва ҳизб ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон XVII-умин ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфт.

Дар чорабинӣ раисони додгоҳҳои олии Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат доранд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Федератсияи Русия ба масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ кард.

Ба гуфтаи вай, муколамаи намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар низоми судӣ баланд ва бештар аз ҳарвақта тавриди таваҷҷуҳ аст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин бор дар бораи таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ дар доираи СААД ва СҲШ президенти Тоҷикистон дар гузашта ва ахиран дар оғози соли ҷорӣ изҳор дошта буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз зарурати чунин феҳрист дар пайи тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ва фаъол гардидани созмони ҳои террористӣ қайд кард.

Ёдовар мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шангхай пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад