Нақши СҲШ дар муомилоти молии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ахиран дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, гуфт муносибатҳо бо кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Вай гуфт, дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону кишварҳои СҲШ дар нимсолаи аввали соли равон 68 фоизро ташкил додааст.

Ашӯрбой Солеҳзода гуфт: “Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд”.

Ҳамзамон муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки дар тӯли беш аз 20 сол Тоҷикистон тавонист дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии Созмон нигаронида шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори ин Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад.

СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.

Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.

Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.

Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад