Лағви раводиди Узбакистон барои шаҳрвандони Арабистон аз соли 2023

 Узбакистон аз аввали январи соли 2023 барои шаҳрвандони Арабистон ба муддати 30 рӯз судури раводидро лағв мекунад.

Узбакистон аз аввали январи соли 2023 барои шаҳрвандони Арабистон ба муддати 30 рӯз судури раводидро лағв мекунад.

Узбакистон аз аввали январи соли 2023 барои шаҳрвандони Арабистон ба муддати 30 рӯз судури раводидро лағв мекунад, ба шарте, ки мусофирони ин кишвар билетро ба кишвари худ ё кишвари севум ироа диҳанд.

Лағви раводид барои шаҳрвандони Арабистон бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз таърихи 16 август дар назар гирифта шудааст.

Ин тасмим ба ҷиҳати беҳбуди фазои фарҳангӣ, илмӣ ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин эҷоди шароити мусоидатр барои тавсеаи равобити байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Узбакистон ва подшоҳии Арабистон, ки ба тавсеаи зарфиятҳои гардишгарии кишвар таъсири мусбате дорад, иттихоз шудааст.

Ҳамакнун Арабистон дар феҳристи кишварҳое қарор дорад, ки барои шаҳрвандони онҳо, тасҳили судури раводиди гардишгарӣ вуҷуд дорад. Илова бар ин, онҳо ҳаққи вуруди транзитӣ бидуни раводид, иқомати муваққат ва хуруҷ аз Узбакистонро доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад