Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Исроил

Дар дидори раиси маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини мудири кул ва раиси кишварҳои Авруосиё ва Балкани Вазорати хориҷаи режими Саҳюнистӣ вазъият кунунӣ ва дӯрнамои равобити байни ду тараф баррасӣ шуд.

Ба гузориш манобеи хабарӣ, Хайриддин Усмонзода, раиси маркази мутолиоти стратегии Тоҷикистон ва Симона Ҳалперин, мудири кул ва раиси депортмони кишварҳои Авруосиё ва Балкани Вазорати умури хориҷаи Режими Саҳюнистӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти яҳудӣ дар ҳоле аст, ки ин режими кудаккуш ҷумъаи гузашта чандин манзили истиқоматӣ дар Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва даҳҳо нафар аз ҷумла чанд зану кӯдаки фаластиниро ба шаҳодат расондааст.

Аз мақомоти кишвар интизор меравад, ки  бо таваҷҷӯҳ ба инки аксари мардуми кишвар мусулмонанд ва кишварҳои исломӣ низ ҳамалаи  Исроилро маҳкум намуданд, маҳкум намояд.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар он ҳамчунин Микайл Ҳаршкуитс мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати хориҷа ва Зовият ибни Ҳил, сафири давлати яҳудӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷониба баррасӣ шуд.

Ду тараф ҳамчунин ба таҳкиму густариши бештари ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ, обу энергӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва илмию таҳлилӣ таваҷҷӯҳи вижа карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад