Тоҷикистон содироти алюминий ба Туркияро афзоиш дод

Содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ  70 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 67 миллиону 100 ҳазор доллар буд,  4,4 дарсад бештар аст.

Содироти алюминий аз Тоҷикистон ба Туркия дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ  70 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 67 миллиону 100 ҳазор доллар буд,  4,4 дарсад бештар аст.

Содироти алюминии Тоҷикистон ба Туркия ба ҳисоби миқдорӣ 23 ҳазору 94 тоннаро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 воридкунандаи аслии алюминийи Тоҷикистон шуд. Дар ҷои дуюм дар ин нишондиҳанда Узбакистон ба маблағи 10 миллиону 600 ҳазор доллар аст.

Даромади умумии Тоҷикистон аз содироти алюминий дар ин муддат 88 миллион долларро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ба нақл аз сомонаи Ховар, Игор Сатторов бо ишора ба тасмими Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси фуруши саҳоми молии ин корхона ба хориҷ гуфтааст, ки ин мавзӯъ ба баҳси бозсозии ин марказ аз сӯи Чин иртиботе надорад ва ҷазби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби вогузории саҳоми молии ин ширкат ба манзури фаолияти зермаҷмуаҳои он хоҳад буд.

Вай афзуд, музокира бо Чин бар сари ҷазби қарзи 545 миллион долларии ин кишвар барои бозсозии корхонаи алюминийи Тоҷикистон аз соли 2019 оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Бар асоси ин созишнома, бозпардохти қарзи Чин аз сӯи ин корхона ба тадреҷ бо фуруши маҳсулот анҷом хоҳад шуд.

Бо поёни бозсозии ин корхона, солона 300 ҳазор тонна алюминий дар ин воҳид тавлид хоҳад шуд.

Сатторов таъкид карда, ки корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ки то соли 2014 солиёна беш аз 400 ҳазор тонна маҳсул тавлид мекард дар чаҳор соли ахир ин шохисро ба сад ҳазор тонна коҳиш додааст.

Далели коҳиши шадиди тавлиди маҳсулоти ин корхона фарсудагии таҷҳизоти он эълон шудааст.

Аз сӯи дигар Шариф Раҳимзода раиси Кумитаи иқтисод ва андози Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ гуфт, танҳо бахше аз ин ду тарҳи муҳими миллӣ ба фуруш гузошта мешавад.

Ба назар мерсад ин овозаҳо зело бе асос ҳам набошад. Замин, ки аз масалаи корхонаи алюмин хело болотар аст ва ҳамаи мардум бо фурӯши он мухолиф буданд бо муҷавизи ҳамин маҷлис ва ҳамин масъулон дар ихтиёри чиниҳо қарор гирифт. Бархиҳо бар ин боваранд, ки Тоҷикистон қодир бар пардохти қарзҳояш аз Чин нест ва чиниҳо низ медонистанд, ки Тоҷикстон қудрати пардохти вомҳоро надорад ва бо ин барнома дар оянда ба сабаби пардохт накардани пулҳо замин ва корхонаҳоро дар ихтиёр худ мегирем.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад