Ташрифи муовини аввали Қувваи қазоияи ҶИЭ ба Душанбе

 Муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии ҶИЭ дар раъси як ҳайати олирутбаи қазоӣ вориди Душанбе шудааст.

Муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) дар раъси як ҳайати олирутбаи қазоӣ вориди Душанбе шудааст.

Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Тоҷикистон шуд. Вай бомдоди имрӯз дар лаҳзаҳои аввали вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи мақомоти қазоии Тоҷикистон қарор гирифт.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҶИЭ бо эъломи ин матлаб дар саҳифаи Твиттер-и худ, ҳадаф аз сафари Мусаддиқро дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олии қазоии Тоҷикистон ва ҳузур дар нишасти руасои додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай баён кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад